Беэҳтиётии ронанда ҷавонро аз ҳаёт маҳрум кард

Ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ-320” Холмуродов Қурбоналӣ Сафарович, сокини шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур дар натиҷаи бееҳтиёти аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад.

Дар натиҷа ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, пиёдагарди ноболиғ, Азизов Зулфиқор Тағоймуродович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкурро пахш мекунад, ки дар натиҷа дувумин ба ҳалокат мерасад. Дар ин бора ВКД хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, автомашина баъди пахши пиёдагард ба дарахт бар мехурад.

Гуфта мешавад, ки пиёдагарди ноболиғ дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст, худи ронанда Холмуродов Қ.С. аз ҷароҳати бардоштааш дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Инчунин, санаи 27-уми майи соли 2020, тахминан соати 04:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседеc-Бенс”, Абдуалимов Абумутолиб Беҳрузович, соли таваллудаш 2001, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти маҳаллаи Ховарон рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №1 кӯчаи Зебуниссо аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархӯрдааст.

Дар натиҷа мусофирони автомашинаи мазкур Алиев Абдураҳмон Асланбекович, соли таваллудаш 2001, Назаров Сунатулло Муҳаммадович, соли таваллудаш 2001, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи мазкур Абдуалимов А.Б. ва Сидиқов Мавлавӣ Маҳмадкабирович, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *