Бехобони Душанбе ё як шаб бо кӯчарӯбон  

Ҳар саҳар вақте ки ба донишгоҳ, кор ё ба берун мебароем, роҳу роҳрав ва кӯчаҳо тозаву озода мебинем, аммо касе фикр мекарда бошад, ки ин тозагӣ ба шарофати кист? Оё касе фикр мекунад, ки зан-модари тоҷик шабона хоб нарафта, роҳу роҳравҳоро рӯфта, тоза мекунад? Не, мо фақат саҳаргоҳон занҳои роҳрӯбро дар зери дарахтон мебинем, ки аз кори зиёд хаста шуда, ҳама сарҷамъ чой менӯшанд…

Рӯзе ба аёдати падару модарам рафтам. Волидонамро дидаму шомгоҳон роҳ сӯи шаҳр гирифтам, аз сабаби кам будани таксӣ вақти бисёр аз даст рафту ба шаҳр дер расидам.

Шаб буд, соат 02:00. Шаҳр хомӯш, ягон – ягон мошин мегузашт. Зану мардҳо дар тан либоси корӣ меомаданд. Ба гӯш танҳо садои хиш – хиш мерасид. Хиш – хиши ҷорӯби кӯчарӯб. Аз назди Боғи Хайём гузашта, ба тарафи хона мерафтам,  чашмам ба зани тақрибан 55 – 60 — сола афтод, дар тан либоси корӣ дошт ва тез – тез роҳ мегашт. Чун дидам, ки дар тан либоси кӯчарӯбӣ дорад, он саволҳое, ки дар майнаи сарам чарх мезаданду посухи худро то ҳол пайдо накарда буданд, мехостам аз он зан бипурсам. Оҳиста – оҳиста аз паси он зан то ба ҷое, ки мерафт, рафтам. Ду километр поёнтар аз маҳаллаи Хуҷамбиё, маъмул бо номи Товус истод ва назди дарахти арча рафта, аз даруни он халта ва ҷорӯби кории худро гирифту ба рӯфтани роҳ шурӯъ кард. Чун рӯфта – рӯфта ба ман наздик шуд, даст пеши бар намуда, салом додам. Бо як меҳрубонӣ саломамро алейк гирифт, аз ҷавобаш аён буд, ки зани хушсуҳбат аст. Номаш Ҷумъагул Забирова буда, 66 сол дошта, аз маҳаллаи Буни Ҳисорак будааст. -Чаро  дар ин синну сол кӯчарӯбӣ мекунед?- пурсидам аз ӯ.

— 45 сол мешавад, ки дар ҳамин мавзеъ ба кӯчарӯбӣ машғулам. Баъди ба нафақа баромадан, маро иҷозати  кор надоданд. Се моҳ бекор дар хона нишастам, аммо сахт бемор шудам, чун ки ягон вақт дар хона бекор нанишаста будам. Ҳозир ба ҷойи писарам ба кор баромадаам. Се набераи ятим дорам, онҳоро бо ҳамин пули кӯчарӯбиам мехӯронам. Ҳарчанд 300 сомонӣ нафақа гирам ҳам, кифоя нест.

Баъди суҳбат хостам ба холаи Ҷумъагул ёрӣ диҳам ва 20 метр роҳро рӯфтам, роҳрӯбӣ на кори ҳама будаасту на ҳама кас аз уҳдаи ин кор мебарояд. Аз рӯфтани 20 метр қариб буд, ки бемиён шавам. Баъд бо холаи Ҷумъагул хайрухуш карда, роҳамро идома додам.

Поёнтар рафтам, бо кӯчарӯби дигар апаи Гулбаҳор вохӯрдам. 48 сол дошта,  аз маҳаллаи Лучоби Боло будааст. Бо ӯ ҳам суҳбат карда, шарту шароити зиндагӣ ва кориашро дар ҷараёни суҳбат фаҳмидам.

-Инсонро зиндагӣ маҷбур мекунад, ки ба кор бароӣ. Бе талошу дасту чанголкашак зиндагӣ пеш намеравад. Худоро шукр, ки ба ягон чиз муҳтоҷ нестаму бо нони ҳалоли худ рӯзгорамро пеш мебарам. Се фарзанд дорам, ду писару як духтар. Писари калониям барои беҳбудии зиндагӣ ба муҳоҷират рафту муваффақ шуд, аммо бо туҳмати ҳамшаҳриҳояш бегуноҳ пушти панҷара нишаст. Писари дуюмам баъди ҳабси бародараш ба Ватан баргашта, ба хизмати ҳарбӣ рафт. Шавҳарам ба Россия рафта, чанд бор кӯшиш кард, ки писарамро бинад, аммо ҳеҷ натиҷа надод. Духтарамро бояд ба шавҳар диҳам, ки ба ин пули калон лозим. Аз бонк қарз гирифта, хонаи лоин бунёд кардему дар ҳамон хонаи ниму нимкола бунёдшуда зиндагӣ дорем. Маоши кӯчарӯбиамон 760 сомонӣ аст, ба ҳамин шукр мекунему шукронаи ин давлати ободу озодро дорем.

Агар дарди дили Гулбаҳор Ёқубоваро ба пуррагӣ бишнавем, бисёр дарднок аст. Лек дарду доғи модари 67- солае, ки кӯчарӯбӣ мекунад, аз ҳама дардноктар аст. Файзимо Зайдуллоева модаре мебошад, ки дар ин синну сол кор мекунанду ду набераи ятими худро мехӯронанду мепӯшонанд. Холаи Файзимо 9 фарзанд дорад, аммо ошкоро намегӯяд, ки аз кадом ҳисоб, бо кадом мақсад, аз дасти кӣ ба кор баромадааст. Як писараш дар маҳбас аст.

Дар байни ин занҳои ҳамсуҳбат, суҳбати зани бисёр ҳам кушодачеҳраву самимӣ  Муҳаббат Давлатова буд. Бо вуҷуди он ки 55 сол дорад, ба назар 40- сола менамояд.

-Ҳар кас бо мақсаде ба кор мебарояд, аммо махсус барои ман ин як намуди варзиш аст. Вақте ки ба кор мебароям, худро беҳтар ҳис мекунам. Агар як рӯз ба кор набароям, фишорам баланд мегардад.  Лаззати дигари кӯчарӯбӣ, ин дар субҳгоҳӣ сари як дастурхон, сари як пиёла чой ҷамъ омадани занҳо ва суҳбати онҳо мебошад, ки фаромӯшношуданист.

Ба зани дигари кӯчарӯб, ки Маҳина Давлатова ном дошт, савол додам, ки чаро дар рӯз роҳро намерӯбаду маҳз дар шабонгоҳ?

-Бисёриҳо ҳамин саволро ба мо медиҳанд. Дар шабонгоҳ роҳро рӯфтан қулайтар аст, нисбат ба рӯз. Чунки дар шаб нақлиёт кам мегузарад ва ба мо ягон монеаи тарсу ҳарос нест, бо дили пур корамонро иҷро мекунем. Рӯзона алафҳои бегонаро мечинем, побел мекунем, алафу гулҳоро об медиҳем, – чунин ҷавоб дод апаи Маҳина.

Дар қатори занҳои роҳрӯбу кӯчарӯб мардҳо низ кам нестанд. Яке аз мардҳои роҳрӯб Илҳом Самадови 37- сола мебошад. Норозигӣ аз он кард, ки аз меъёр зиёд кор мекунад.

-Меъёри муайянкардаи рӯзи корӣ 8 соат аст, аммо мо 15 соат кор мекунем. Бо вуҷуди ин қадар кор маошамонро зиёд намедиҳанд.

Раҳматулло Кушбаков, роҳрӯб:

-Аз сабаби он ки маошамонро дар вақташ бе ягон камбудӣ ва ба пуррагӣ медиҳанд, моро дар кадом соате, ки ба кор даъват кунанд, меоем. Роҳрӯбӣ беҳтарин кор аст, хусусан барои ман.

Дар роҳи назди Боғи ҳайвонот бо ду нафар роҳрӯби дигар вохӯрдам. Майсара Турсунова ва Муҳаммадрасул Самадов бо ҳам оиладор буда, истиқоматкунандагони кӯчаи Шарафи ноҳия Сино будаанд. Ҳарчанд то ҳол соҳиби фарзанд нашудаанд, аммо хеле хушбахтанд. Иҷоранишинанд, ҳар моҳ 400 сомонӣ барои иҷора медиҳанд.

-Ҳардуямон 1520 сомонӣ маош мегирем, ки ба зиндагиамон мерасад. Худо хоҳад, аз моҳи октябр маошамон 1720 сомонӣ мешавад. Ҳар сол аз тарафи шаҳрдори Душанбе як маротиба бо маблағи 1000 сомонӣ мукофотпулӣ мегирем. Боз барои занҳо  дар 8 – март ба маблағи 700 сомонӣ мукофотпулӣ медиҳанд.

Ана, акнун сирри тозагии шаҳрро фаҳмидем. На танҳо тозагӣ, балки аз шарту шароит, тарзи зиндагӣ, сабаби ба кори кӯчарӯбӣ баромадани занҳо воқиф гаштем. Ба кори роҳрӯбӣ баъзеҳо аз шароити танги зиндагӣ, баъзеи дигар барои дар хона бекор нанишастану барои беҳбудии зиндагӣ ба кор баромадаанд. Зиндагӣ бе камбудӣ намешавад. Ба кӣ маъқул аст, ки дар соати 12, 1, 2 – и шаб аз хоби ноз, аз ҷойгоҳи гарми худ хеста, ба роҳрӯбӣ барояд. Аҳсан ба зани тоҷик, ба модари азизу ғамхор, озодаю олуфта! Саҳар ба кӯча мебароед, чӣ гуна шаҳр зебост, ки ин ҳама тозагиву зебоӣ аз дастони модар аст…

Бахтовар САФАРОВ,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *