Беинтизомии мухлисони «Ҳосилот»

Шоми 11 апрел баъди шикасти дастаи «Ҳосилот”-и Фархор аз «Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 2:8 мухлисони «Ҳосилот” даҳҳо курсии пластикии Варзишгоҳи марказии пойтахтро шикастааанд.

Шоми 11 апрел дар бозии асосии даври панҷуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон қаҳрамони кунунии футболи кишвар – дастаи «Истиқлол”-и Душанбе дар майдони худ дар Варзишгоҳи марказӣ бо ғолиби мусобиқоти имсола – дастаи «Ҳосилот”-и Фархор вориди рақобат шуд. Ин бозӣ бо пирӯзии «Истиқлол” бо ҳисоби бузурги 8:2 анҷом ёфт.

4 тӯби «Истиқлол”-ро дар ин рақобат ҳуҷумкунандаи ин даста ва тими миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.

Рақобати ду довталаби асосии унвони қаҳрамонии футболи имсола хеле бо ҳарорат ва пур ҷӯшу хурӯш гузашт ва дар рафти бозӣ аз ҳарду даста якнафарӣ – Сиёвуш Асроров аз «Истиқлол” дар дақиқаи 78 бо корти сурх ва Шодибек Ғаффоров аз «Ҳосилот” дар дақиқаи 88 барои ду корти зард аз майдон ронда шуданд.

Ҳарорати бозӣ зоҳиран ба мухлисон низ асар кардааст, ки даҳҳо курсии пластикии варзишгоҳро шикастаанд

Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар як матлаб дар Фейсбук чунин рафторро ба фарҳанги мухлисӣ рабт дода, навиштааст: «Дирӯз мухлисони «Ҳосилот” баъди шикасти бузурги дастаи Фархор аз «Истиқлол”-и пойтахт (2:8) даҳҳо курсиро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шикастанд. Дар айни замон мухлисони «Боруссия” баъди он ки бозии чорякниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо як рӯз ба таъхир гузошта шуд, мухлисони «Монако”-ро дар хонаҳои худ ҷой кардаанд. Фарҳанги мухлисии мухлисон!”

Корбарони Фейсбук дар зери ин матлаб бо дилсӯзӣ ба ҳоли Варзишгоҳи марказӣ чунин рафтори мухлисонро беш аз ҳад хонда, навиштаанд, ки Федератсияи футбол бояд барои рафтори мухлисонашон дастаҳоро муҷозот кунад ва пеши роҳи чунин аъмолро бигирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *