Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бемористони “Истиқлол” дубора ташхис мешавад

Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон барои тафтиши “сарфи нодурусти” маблағҳои буҷети пойтахт дар сохтмони шифохонаи “Истиқлол” ташхиси дубораи иқтисодӣ таъин кардааст.

 Бар асоси ҳисобҳо дар ин тарҳ беш аз 100 миллион сомонӣ, муодили беш аз 11 миллион доллар, пули буҷет нодуруст истифода шудааст. Дар маҷмуъ, барои сохтмони ин бемористон аз буҷаи шаҳрдорӣ зиёда аз 700 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

​”Як гурӯҳ таъсис дода шуд ва инҳо бояд нархи масолеҳи сохтмониеро, ки дар иҷрои тарҳ истифода шудааст, муқоиса кунанд. Дар нархҳо низ изофанавӣ шудааст, ки он бояд пурра бар асоси далелҳо исбот шавад. Масалан, нархи як кило мех дар соли 2014 дар бозор чанд сомонӣ буд ва дар харҷи инҳо чанд пул нишон дода шудааст, пурра тафтиш мешавад”, – гуфтааст як  манбаъ.

Мақомот расман ин хабарро тасдиқ ё такзиб намекунанд. Инчунин, сабабҳои дубораи харҷи пулҳои буҷет дар сохтмони шифохонаи “Истиқлол” маълум нест. Дақиқ нест, ки оё ин тафтиш ба қазияи боздошту бозпурсии баъзе аз кормандони собиқу ҳозираи Агентии зиддифасод ҳам рабт мегирад, ё не.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.