Бенямини Илҳом ройгон муолиҷа мешавад

Ба табобати Бенямини Илҳом, як хонандаи 10-сола, ки аз бемории рӯда ранҷ мекашад, беҳтарин пизишкони тоҷик шурӯъ намуданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 — уми январ зимни ифтитоҳи МТМУ № 65 дар ноҳияи Шоҳмансур бо толибилми 10-солаи ин даргоҳ бо номи Бенямини Илҳом суҳбати кутоҳе кард. Дар ин суҳбати кутоҳ Бенямин гуфт, ки ӯ духтур шудан мехоҳад, то ки худро табобат кунад.

Пешвои миллат аз ашкрезии Бенямини Илҳом бисёр мутаассуф шуда, ба Вазири тандурустӣ Насим Олимзода супориш дод, ки Беняминро ройгон муолиҷа намуда, аз натиҷаи табобат ба ӯ ҳисобот пешниҳод кунанд.

Бенямини Илҳом баъди ташхис ва машварат дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дорад. Айни замон вазъи саломатии Бенямини Илҳом муътадил буда, волидони ӯ аз хизматрасонии табибон қаноатманд мебошанд.

Бояд гуфт, ки Бенямини Илҳом дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ» иштирок кардву ҷойи намоёнро ишғол намуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *