Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бесоҳибӣ дар Кӯлоб: Ранг бину ҳол пурс (Видео)

Ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj видеое дастрас шуд, ки он аз вазъи ногувори шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла биноҳои валангору мавзеъҳои пур аз партов нақл мекунад. Тавре дар видео дида мешавад, як бино, ки қиблан тарабхона будааст, ҳоло ба як вайрона табдил ёфтааст.

Инчунин, дар ду тарафи сойи Теппалай аз набудани партовгоҳ сокинон маҷбур шудаанд, ки партовҳои худро дар канори роҳу сой партоянд. Ин ҳодиса даҳ сол боз давом дорад, аммо касеро аз ин парвое нест. Сокинони шаҳри Кӯлоб иддао доранд, ки масъулини Корхонаи партовбарорӣ маблағи онҳоро мегиранд, аммо партовро саривақт тоза намекунанд.

Масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист борҳо аз ин мавзеъ, яъне сойи Теппалай гузар кардаанд, аммо ин манзараи ҳузнангезро нодида мегиранд. Гуфта мешавад, ки дар ду тарафи атрофи сойи Теппалай наздики 7 маҳалла ҷойгир аст. Сокинони ин маҳаллаҳо аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки ин ҳолат метавонад хатари ҳар гуна бемориҳоро афзоиш диҳад.

Аҷаб таззоде, аз як тараф миллионҳо харҷ мешавад, ки аз Кӯлоб Париж созем, аз ҷониби дигар Кӯлоби бостон ва зебоманзарро ба партовгоҳ табдил додаанд.

-->

Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Ardasheri Kulobi 15.01.2020 08:56

    Садкаи боварии Чаноби оли шавед! Дар пеш чашни 30-солагии Истиклолият масъулон кучора нигох мекунанд. Истеъфо дихед Раиси ш.Кулоб ва Абдучабор Рахмон масъули шахри Кулоб!!!

  2. Jamshed 15.01.2020 08:58

    Садкаи боварии сарвари давлат шаветон! Масъулон кучора нигох мекунед дар пеш 30- солагии Истиклолият!!!

  3. Ahtam Mirzoev 15.01.2020 09:07

    To i darajara ovarda rasonidan hayf…Az peshvoi muazzam hohish ki Raisi shahr har 3 muovinosh shaxse ki vobasta shdagiyay to jashni 30 solagi az mansab bo jazo peshashon kunad.

  4. Парвизи Кулоби 15.01.2020 10:26

    Окибати нодурусти чобачогузории кадрхо Асадулло Рахмон ягон кадо дар чои худаш нест! Боварии Чаноби Олида сазовор шудан даркор чанобон!!!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.