Бежан аз Аргентина нуқра меорад

Бежан Файзуллоев, тирвари ҷавони тоҷик дарБозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 6 то 18 октябр дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина баргузор гардид,соҳиби медали нуқра шуд. Бежан медали мазкурро 12 октябр дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, дар ҳайати дастаи омехта, ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер ба даст овард.

10 октябр медали нахустинро бо ишѓоли ҷойи сеюм СулаймониҶамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи «Рио-де-Жанейро»ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения,Қирғизистон, Русия ва Бурунди ба даст оварда буд.

Бояд гуфт, ки дар мусобиқоти мазкур аз рӯи барномаи Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон ҳудуди 4000 варзишгари синнашон аз 15 то 18-сола аз 206 кишвари ҷаҳон оид ба 32 намуди варзиш барои 241 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 18-уми октябр мубориза мебаранд.

Дарчунин як мусобиқоти бузург, ки миёни 206 давлати ҷаҳон баргузор гашта, дар он наздик ба 4000 варзишгарон ширкат варзиданд, ба дасти овардани медали нуқра боиси ифтихори Тоҷикистон ва кулли Тоҷикистониён аст. Зеро новобаста ба он, кичунин медалро варзишгарон дар ҳайати дастаи омехта ба даст меоранд, медали олимпӣ ба ҳисоб меравад ва дар он ҳангоми супоридани медал номи ҶумҳурииТоҷикистон эълон карда шуд ва медали нуқра низ ба номи шаҳрванди Тоҷикистон ваҶумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

Медали олипиро ба Бежан Файзуллоев табрик мегӯем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *