Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Биё, буҷулбозӣ кунем!

Тоҷикон дар Наврӯз чӣ тавр тафреҳ мекунанд?

Бозиҳои миллӣ ва мардумӣ – инҳо машғулият ё фаъолиятҳоеянд, ки ҳамчун воситаи тафреҳӣ ва дилхушӣ дар байни мардум, новобаста ба синну сол, аз замонҳои қадим то имрӯз барои тарбияи варзишӣ, ахлоқӣ ва зебоишиносии инсон хидмат мекунанд.

Бархе аз бозиҳои миллӣ дар замони бостон (аҳди Сосониён) роиҷ буданд ва то имрӯз расидаанд. Дар китоби «Хусрав ва редак» номи бархе аз бозиҳои миллӣ ва мардумии тоҷикон омадааст. Аз ҷумла: расанбозӣ; занҷирбозӣ, дорбозӣ, морбозӣ, чанбарбозӣ, тирандозӣ, тосбозӣ, бандбозӣ, муаллақ задан, чобукӣ ва маҳорат дар ба кор бурдани ҷангафзор, гӯйбозӣ, шамшербозӣ, ханҷарбозӣ, гурзбозӣ, шишабозӣ, маймунбозӣ, шатранҷ, нард  ва ғайра.

Як бахши муҳими бозиҳои миллӣ ва мардумӣ бозиҳои кӯдакон мебошанд. Ин бозиҳоро калонсолон ба кӯдакон ёд медиҳанд ва худи онҳо раванди бозиро идора карда, онҳоро ба роҳи дуруст равона месозанд. Дар ин бозиҳо калонсолон таронаҳо хонда, суханҳои шӯхиомези кӯдакона мегӯянд ва ҳаракатҳои сода мекунанд. Масалан, бозиҳои сарак-сарак, ҳадурсӣ, ҳавзак-ҳавзак, лелак-лелак, додари додарон, шутури лӯкка, абулакам, дорбоз, сагакум, огулакум аз ҷумлаи чунин бозиҳои миллӣ ва мардумӣ аст, ки калонсолон ба воситаи ҳаракати панҷаи даст, пой, лаб, даҳон, қиёфабозӣ кӯдакро саргарм менамоянд.

Бахши дигари бозиҳои миллӣ ва мардумӣ хоси наврасону ҷавонон буда, бештар барои нишон додани маҳорат, талошу кӯшиши дар байни ҳамсолон пайдо кардани мавқеи муайян равона карда шудааст. Онҳо неруи ақлонӣ, ҷисмонӣ, чусту чолокӣ ва таҳаммули хешро дар чунин бозиҳо нишон медиҳанд. Аталматал, Сафедчӯбак, Сангчабозӣ, Тасмабозӣ, Бодпарак, Буҷулбозӣ, Шудбур, Аспгирак, Каппа-каппабозӣ, Кӣ зӯртар, Яккалингбозӣ, Гачабозӣ, Лолачинӣ, Давранишинӣ, Рустшавакон, Тухмбозӣ, Китфҷанг, Зувбарак, Ваҷабпарак, Гӯшкашак, Мусичабозӣ, Ҷумъабозӣ,Ғирғиракбозӣ, Бандбозӣ, Донакбозӣ, Фалахмонбозӣ, Камонбозӣ,Лойбозӣ, Қолбозӣ, Акколбозӣ, Лаклакбозӣ, Кабутарбозӣ, Ланкабозӣ, Аспакбозӣ, Иштибозӣ, Лаптабозӣ, Тухмҷанг, Хурӯсҷанг, Сагҷанг, Ҷаҳакбозӣ, Алафдаравак, Лашбозӣ, Таёқбурӣ, Кӯрабозӣ, Харбузапухт, Равотбозӣ, Чормағзбозӣ, Подшоҳбозӣ, Ҳаппакбозӣ, Гӯшакбозӣ, Аскарбозӣ, Чистонгӯӣ, Чистонбулбулон, Тутикал, Парид-парид, Мактаббозӣ, Меҳмонбозӣ, Барфбозӣ, Яхмолакбозӣ, Қадама, Тоқизанак, Бингина, Тезгӯяк, Қофиябозӣ, Мушоира, Байтбарак, Нардбозӣ, Шатранҷбозӣ аз ҷумлаи чунин бозиҳо мебошанд. Дар аксари ин бозиҳо духтарон хеле фаъолона иштирок менамоянд. 

Чун ҳоло мо дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз қарор дорем, дар зер овардани чанд бозии миллӣ ва мардумиамонро авло медонем.

Ҳавзак -ҳавзак

Як навъ бозиест, ки онро калонсолон бо мақсади хушҳол кардан бо кўдакони хурдсол мебозанд. Дар хона падар, модар, модаркалон ё яке аз аъзои оила кафи дасти кўдаки 1-2- соларо боз намуда, ангушти ишоратиашро дар кафи кўдак чарх занонида, таронаи «Ҳавзак»-ро мехонад ва ангуштакони ўро ба кафаш як-як қат кардан мегирад. “Ҳавзак, ҳавзак, гирдакош сабзак. Ору биёд, об хўрад, Оҳу биёд, об хўрад…” . Чун навбат ба ангушти хурдӣ расид, падар номи кўдакро гирифта, бо овози баландтар: «Эй ба ин майдаҳак шўрбо нарасид» — гўён дасташро ба ҳаво бардошта, «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду», «Ҳӯ-лӯ-лӯ, барги каду», – гўён ҳамин ибораро се бор такрор мекунад. Кӯдак аз ин ҳолат завқ бурда механдад.  

Тухмбозӣ,  тухмҷанг

Яке аз бозиҳои машҳури анъанавии бачагон, ки дар идҳои Наврӯз, Қурбон ва Фитр бо тухми пухтаи мурғ бозида мешавад. Бачаҳо тухмҳоро нўг ба нўг мезананд, тухми кадоме, ки тухми дигареро шикаст, он тухми шикастаро моли худ мекунад. 

Буҷулбозӣ

Навъе аз бозиҳои миллии қадимии тоҷикӣ, ки дар байни кӯдакону наврасон маъмул мебошад.

Буҷулбозӣ хоси писарбачаҳо буда, дар байни бачагони тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон паҳн шудааст ва намудҳои зиёд дорад. Он бо буҷул – қисме аз устухони пойи гӯсфанд ё буз, ки ба рақами ҳашт монанд аст, бозида мешавад. Пас аз ба замин партофта шудани буҷулҳои бозигарон, вобаста ба тарзи истодани онҳо, ки асп, хар, пукка ва чикка меноманд, яке аз бозигарон ҳуқуқи шурӯъ кардани бозиро ба даст меорад ва ба нишон гирифта задани буҷули ҳарифон мекӯшад. Шахси мағлуб ё буҷули худро ба ғолиб медиҳад ва ё ӯро ба пушташ савор карда, як масофаи кӯтоҳро тай мекунад. 

Қолбозӣ, шалоқак, ҷизнибозӣ

Бозии анъанавии духтарон, ки бештар дар фаслҳои гарм дар майдонча ва роҳравҳо барпо мешавад. Шумораи бозигарон аз 2 то 8 нафар буда метавонанд. Барои бозӣ ҳар кадом духтарон яктогӣ сангҳои гирду ҳамвор мегиранд, ки он “қол“ ё “лап” ном дорад. Дар замини ҳамвор катакчаҳо мекашанд ва бо навбат хоначаҳоро якпоя ҷаҳида мегузаранд. Хоначаро ба чор катаки хурдтар ҷудо мекунанд ва ба онҳо бо тартиб рақам мегузоранд. Дар саросари кишвар фаъол аст.

Чормағзбозӣ

Бозии маъмулу машҳури бачагон, ки бештар дар фасли тирамоҳ, дар айёми пухтани чормағз ва пас аз он баргузор мешавад. Онро писарони аз 7 то 18-сола, баъзан ҷавонони калонтар низ, бозӣ мекунанд. Навъҳои гуногуни чормағзбозӣ вуҷуд дорад, масалан, “қуббабозӣ”, “чорпай”, “зангул” ва ғайра Тибқи қоидаҳои бозӣ, шахсони ғолиб чормағзҳои бозигари мағлубро аз худ мекунанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.

Арӯсбозӣ, арӯсбиёрак

Як навъ бозии маъмули духтаракони хурдсол, ки дар боғ ё ҳавлӣ баргузор мегардад. Яке аз духтараконро ҳамчун «арӯс» интихоб карда, ба ў либосҳои тоза мепўшонанд ва ба сараш рўймоли калон меандозанд. Ду-се нафари дигар нақши меҳмононро бозӣ мекунанд, ки як-як ба арўсхона медароянд. Яке аз духтарон доира менавозад ва дигарон бонавбат аз ҷой хеста мерақсанд. Дар саросари кишвар фаъол аст.

Байтбарак

Як навъ мусобиқаи шеърдонӣ ва шеърхонӣ, бозии адабист, ки аз қадим дар маҳфилҳои шоирону шеърдӯстон баргузор мегардад. Тартиби баргузор кардани байтбарак ин гуна аст: як нафар аз иштироккунандагон байте мехонад, ҳариф ё ҳарифон дар ҷавоб бояд байте бихонанд, ки бо ҳарфи охирини байти хондаи бозигари якум оғоз ёфта бошад. Дар байтбарак касе ғолиб шумурда мешавад, ки ба байти гуфтааш ҳариф ё ҳарифон ҷавоб додан натавонанд. Байтбарак аз қадим то ба имрӯз дар миёни мардуми тоҷик роиҷ аст. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ (дар дарсҳо, маҳфилҳои адабӣ, рӯзҳои ҷашн, махсусан, Иди Наврӯз) мусобиқаи байтбарак баргузор мешавад.

Хурӯсҷанг

Навъе аз бозиҳои маъмули бачагону ҷавонони деҳот, ки дар шакли намоишӣ ва мусобиқавӣ дар ҷашнҳои Наврӯз, сайрҳои баҳорӣ ва баъзе маъракаҳои халқӣ баргузор мегардад. Мусобиқаи хурӯсҷанг дар майдонҳои кушод мегузарад. Ду нафар довталаб хурӯсҳои худро дар майдон сар медиҳанд. Хурўсҳо ба якдигар бархӯрда, ба қафаси синаашон якдигарро мезананд. Ҳамон хурӯсе мағлуб шуморида мешавад, ки рӯ ба гурез ниҳад.

Камонварӣ 

Яке аз навъҳои машҳури варзиши миллӣ, ки таърихи қадимӣ дорад. Асбоби асосии ин навъи варзиши суннатӣ камон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.