Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Блоггер: Об менӯшам, намоз мехонам, Инстаграм медароям (Видео)

Рафаел Гулов, блоггери тоҷик дар барномаи “Корзина” доир ба қолабҳои муайяни телевизион, Ютуб ва озодиҳои эҷодӣ, фазои блоггери дар Тоҷикистон, муҳоҷирату муҳоҷирӣ, реклама, мусоҳибаҳои таърифӣ ва ҳамкориҳои минбаъда гуфт.

Ин навбат меҳмони барномаи интернетии “Корзина” блоггери тоҷик Рафаел Гулов буд. Ин блоггери тоҷик мегӯяд, ки фазои телевизион барои фаъолияти ояндааш тангӣ кард ва рӯ овард ба Ютуб. Ӯ гуфт: “Ҳама он идеяҳое, ки ман дар сарам доштам барои телевизион намешуданд ва рӯ беҳтар донистам, ки дар Ютуб фаъолият кунам”.

Дар ҳоли ҳозир ҷавонони зиёди тоҷик мехоҳанд блоггер шаванд ва дар фазои маҷозӣ кор кунанд, аммо аз сабаби надоштани идея ва контенти хуб на ҳамаи онҳо муваффақ мешаванд. Ва “… дар телевизион қолаби муайян аст ва тележурналистон аз рӯйи он кор мекунанд”,- илова кард Рафаел.

Инчунин Рафаел дар бораи “баттл” бо духтарон гуфт: “Ман аз он сабаб бо духтарон “баттл” кардам, ки 80фоизи аудитория ютубро писрон ташкил медиҳанд ва барои онҳо аз бача дида, дидани духтарон ҷолибтар аст”.

Ин блоггери тоҷик дар мавриди саҳархезӣ ва тамбалияш низ ишора кард: “Ҳар субҳ баъд аз хоб хестан як истокон об менӯшам, агар барвақт бошад намозамро мехонам ва ба Инстаграм медароям”.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.