Боғи ҳайвоноти беҳайвон: Чаро “Парвоз”-и Хуҷанд ҳоли хароб дорад?

Ду  сол пеш боғи ҳайвоноти “Парвоз”-и шаҳри Хуҷандро  ба боғи Наврӯзгоҳ (Чумчуқарал), воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳр кӯчониданд. Аммо имрӯз ин боғ ҳоли табоҳ дорад ва теъдоди тамошобинонаш рӯз аз рӯз кам мешавад.

Боғи ҳайвоноти беҳайвон

Санаи 3 январ вақте ба боғи ҳайвонот рафтам, ҳамагӣ як мард бо духтарчаи хурдсолаш барои тамошо омада буд. Ҷойи бештари ҳайвонҳо холӣ ва ҳамагӣ дар ду-се катак ҳайвоноти нав дида мешуд. Сабаби “ғайб” задани ҳайвонҳои боғро аз директори он  Мадина Давлатова  пурсон шудам.

Номбурда, чунин дарди дил кард:

“Пеш аз оғози корам ваъдаҳои дастгирӣ аз ҷониби масъулини фарҳанг, ҳукумат ва дигарон зиёд буд. Аммо ба ботлоқи қарз ғӯтида хонаю дарамро дар бонк ба гарав  гузоштаму ягон ваъда амалӣ нашуд. Дар ин шароит ҳоли соҳибкорзани танҳое, ки ин гуна “бизнес”-ро роҳандозӣ кардааст худатон  тасаввур кунед. Айни замон аз ташкилоти Бонки “Ҳумо” 300 ҳазор доллар  қарздор ҳастам ва ҳар моҳ 13 ҳазор  сомонӣ фоизпулӣ (пина) месупорам.

Зимистони соли гузашта ду шер ва ду морам мурд, ки шери хурдӣ 2, 5 ҳазор доллар ва шери калонӣ 5, 5 ҳазор доллар арзиш доштанд. Инчунин, ду мори калону қиматбатҳо ва чанд ҳайвони дигар талаф ёфтанд, ки  наздики 20 ҳазор доллар зарари молӣ дидам. То зимистони имсола дар ба дари мақомоти дахлдор, аз ҷумла Ҳукумати вилояти Суғд гаштам, то  ин зимистон ҳам ягон ҳайвони гаронарзишамро аз даст надиҳам. Аммо як моҳи зимистон гузашту то ҳол дар банди мушкилот ва сарсониҳо печидаам.  Охирҳои тирамоҳ дидам, ки проблемаи бе ҷой будани ҳайвонот ҳал намешавад маҷбур шудам беш аз 20 ҳайвонро ба боғи ҳайвоноти шаҳри Турсунзода супорам.

Моҳи октябри соли 2019  ба Дастгоҳи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмат мактуб карда, мушкилотамро баён дошта будам. Шукрона, ки 20 декабр ҷавоби мусбат омад, яъне ба ҳукумати вилоят гуфтанд, ки ба доди ман расанд. Ин мактубро гирифта, ба чандин сохторҳои Суғд муроҷиат кардам, аммо  байни сохторҳои Суғд “туби футболӣ” шудам. Дар ин шамолу сардиҳои Хуҷанд тоб овардани ҳайвонҳо амри маҳол аст. Зеро ҳамаи инҳоро ман аз Сирки шаҳри Тошкент харидорӣ кардаам. Шояд ҳайвонҳои боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе ба хукунӣ тобовар бошанд, аммо ин ҳайвонҳо, ки аз ҷои гарм,  аниқтараш аз ҷое шароитдошта омадаанд, тобовар нестанд ва метарам мисли зимистони соли гузашта имсол ҳам бо талафоти ҳайвонот баҳор накунам”.

Аз зери борон зери  новадон

Боғи ҳайвоноти “Парвоз”-и  шаҳри Хуҷанд  дар боғи Наврӯзгоҳ ташкил карда шудааст. Мадина Давлатова дӯстдори ҳайвонот парандаҳо, хазандаҳову ширхӯрон аст. 8 сол дар Сирки шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  кор карда, бештар бо бозӣ кардани морҳои калон машғул буд. Ин зан, ки бо умеди ташкили Боғи ҳайвонот  соли 2016 Боғи ба номи Рӯдакии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро макон кард.

Аммо шароити танги ин боғ ҳам барои ҳайвонот ва ҳам барои тамошобинон мушкил пеш овард ва Давлатова бо мусоидати Ҳукумати вилояти Суғд дар боғи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳр Хуҷанд ҷойгир шуд. Аммо имрӯз танг будани ҷойи ҷудокардаи ҳукумат боиси норизоии ҳам соҳибкорзан ва ҳам тамошобинон шудааст. Аз сабаби танг ва сард будани ҷой замистони сипарӣ Давлатова чандин ҳайвоноти нозиру гаронарзишашро  талаф дод.

Тариқи оинаи нилгун не, балки рӯ ба рӯ дидани шер, хирс, гург, шағол,  морҳои азимҷусса на танҳо барои кӯдакон, ҳатто барои калонсолон низ аҷоиб аст. Аммо барои ба талаботи стандартӣ ва хоҳишу талаботи худи тамошобин ҷавобгӯй шудан як зани танҳо корбарӣ карда наметавонад.

“Гоҳо мебинам, ки дастгирии ҳукумат нест ва қарз болои қарз зам шуда истодааст, мегӯям аз баҳри кор дар ин вилоят мебароям. Аммо боз ҳамон меҳри ба ҳайвонот, хазандаҳо ва паррандаҳо доштаам, маро водор мекунам, ки дандон ба дандон зада сабр кунам. Вале имсол косаи сабрам лабрез шуду ҳайвонҳоро гирифта, ба шаҳри Турсунзода бурдам. Хайрият ҳукумати ин шаҳр хуш истиқбол гирифт ва ҳоло дастгирии хуб карда истодааст”,-афзуд Мадина.

Айни замон  дар Боғи ҳайвоноти “Парвоз”-и шаҳри Хуҷанд, 10 намуди ҳайвонот ва паранда боқӣ мондаасту халос, қаблан дар ин боғ беш 40 намуди ҳайвонотро дидан мумкин буд.

Фарзона Муродӣ,

шаҳри Хуҷанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *