Боз 9 нафар корманди ” Ҷумҳурият”-ро  ҳабс карданд

Суд  ба ҳабси 9 корманди нашрияи мухолифи «Ҷумҳурият» дар Туркия  дастур дод. Дар маҷмӯъ, 13 корманди ин нашрия бо шумули сардабир Мурод Собунҷу рӯзи 31 октябр барои бозпурсӣ бурда шуда буданд.

Ин афрод ба ҳимоят аз курдҳои мусталлаҳ ва иртибот бо Фатҳуллоҳ Гулен муттаҳам мешаванд. Туркия рӯҳонии маъруф Фатҳуллоҳ Гуленро ба табаддулоти нофарҷоми 15 июли соли равон дар ин кишвар айбдор мекунад. Нашрияи «Ҷумҳурият» аз соли 1924 боз нашр мешавад. Кормандони ин нашрия дар гузашта низ ба суд кашида шудаанд. Аз ҷумла, ду хабарнигори «Ҷумҳурият» барои бознашри карикатураи Муҳаммад, паёмбари ислом, ба дусолии зиндон маҳкум шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *