Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бо халтаи селофанӣ фарзандонашро буғи карда кушт

Тавре ВКД хабар медиҳад, зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён бо исми Назокатхон Тоирова рӯзи 9 сентябр дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони ноболиғи 9, 8, 6 ва 1-солаи худро куштааст.

Манбаъ мегӯяд, модар фарзандонро пай дар пай бо роҳи бастани дастону пойҳояшон ва дар сарашон пӯшонидани селофан буғи карда, ба ҳалокат расонидааст.

Нисбати номбурда бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

РВКД-и вилояти Хатлон гуфтааст, ки Назокатхон Тоирова, модаре, ки фарзандонашро кушт, пас аз ҳодиса худаш ба пулис таслим шудааст.

Маълумот ҳаст, ки ӯ бемории рӯҳӣ доштааст.

Мувофиқи иттилои баъзе манбаъҳо, модари ҳамин зан низ соли 2005 бо гуноҳи куштани шавҳараш ва боз як марди дигар ба муҳлати 20 сол зиндонӣ шуда будааст

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.