Боғи нави Чанори Ҳақдод

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба тармими боғҳои куҳна ва бунёди боғҳои нав  иқдом намуд. Яке аз боғҳо дар  деҳаи Чанори Ҳақдоди ҷамоати Лоҳутӣ бо маблағгузории «Лоиҳаи идоракунии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот», ки  Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ кардааст, дар 2 гектар талу теппа  бунёд карда  шуд. Дар бунёди боғи нав 25 нафар аъзои гурӯҳи мақсаднок таҳти роҳбарии омӯзгор Шариф Ҳакимов  дар давоми якуним моҳ заҳмат  кашиданд. Аъзои гурӯҳ то имрӯз 1000 ниҳоли зардолу, себ, нок, ангур, анор, хурмо, чормағз, бодом, гелосро  аз ноҳияҳои Восеъ, Рӯдакӣ, Файзобод, Нуробод ва Шаҳринав оварда шудаанд,  бо усули хуби агротехникӣ шинонданд.

Боғпарварон мақсад доранд дар қисми боқимондаи замин ва байни ниҳолҳо бо роҳи шинондани тухмӣ ва усули пайвандкунӣ  ниҳолҳои худрӯйи ҷангалиро барқарор намоянд, инчунин дар  байни ниҳолҳо набототу буттаҳои худрӯйи фоидаовари зира, субинак, ҷамилак, сарсабил, қарақорт, зелолро сабзонанд.

Раънобону Мусодухти Абдуллозод,

сокини ноҳияи Ховалинг

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *