Бо пешниҳоди Президент Афзалшо Шодиев вазифаи нав гирифт

Пас аз таътилу истироҳати тӯлонӣ бо фармони Вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия ва пешниҳоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев роҳбари ансамбли «Сомон» таъин гардид.

Ёдрас мешавем, ки Афзалшоҳ Шодиев то нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ дар вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев хидмат мекард ва ӯро аз ин вазифа Кароматулло Раҳимзода, ки то он вақт директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд, директор иваз карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *