Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бобоҷон Икромов: Айб аст, ки журналист тамаъ ҷӯяд

Ҳамасола санаи 11 март дар кишвари мо “Рӯзи матбуоти тоҷик” ҷашн гирифта мешавад. Барномаи чорабинӣ ҳамасола якхела: Суханронӣ, табрикоти раиси вилоят ва қадрдонии собиқадорону фаъолони матбуот. Аммо ҳамасола ягон даъвату пешниҳод ё эроде аз ҷониби пирони кор баён мегардад, ки камтар бошад ҳам якрангии чорабиниро рангин мекунад.

Имрӯз, ки  дар ошёнаи 12-уми бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода  “Рӯзи матбуоти тоҷик” таҷлил гардид, як пешниҳоди аҷибу саривақтие шунида шуд. 

Пеш аз эродшунавӣ собиқадорони соҳаи матбуотро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини раис — Баҳодурзода табрик гуфта, номаи табрикотии раиси вилояти Суғдро ироа намуд.

Баъди  табрикотро қироат кардани Баҳодурзода,  аз ҷониби ӯ ва раиси   Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Илҳоми Ҷамолиён, тӯҳфаҳои пулӣ ва нотбукҳо ба журналистони собиқадор ва фаъоли вилоят тақдим  гардид.

Дар қисмати ҷамъбастӣ аз ҷониби банда дипломи раиси вилояти Суғд, ки дар пурсиши соли 2019-и ҳафтаномаи  “Тоҷикистон”  Раҷаббой Аҳмадзода, бо гирифтани овози зиёд раиси сол эълон гашт, супурда шуд.

Баъдан адиб ва журналисти саршинси кишвар, Бобоҷон Икромов суханронӣ намуд.  Икромов суханони худро аввал аз ҳаҷв ва ба хотир  овардани қиссаҳои ҳаҷвӣ аз ҳаёти журналистони гузашта оғоз карда, бо эрод аз фаъолияти бисёре аз журнастони кунунии вилоят хотима бахшид.  Мафсуф гуфт: Дар рӯзи ид нагӯям мегӯяму боз гӯям намешавад, нагӯям мекафам. Беҳуда қаламро шоҳи ҷаҳон намегӯянд. Аммо афсӯс имрӯз касбияти журналистон коста гардида, баъзе аз онҳо ба ҷои риояи касбият ва навиштани матолиби таҳлилӣ даст ба тамаъкорӣ мезананд. Айб аст вақте мақомоти коррупсия ҳушдор медиҳад, ки дар дастам рӯйихати журнадистоне, ки бо тамаъҷӯӣ машғуланд  ҳаст. 

Инчунин, Икромов аз он ба ном журналистоне, ки дар нишастҳои хабарӣ ва дигар чорабиниҳои ҳукуматӣ ба қавле “хонахез” мераванд эрод гирифта гуфт: Илтимос ҳамкасбони азиз, ба худ ва ҳамксбони худ, ба қалами худ эҳтиром гузоред.  Дар нишастҳои матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо аз як нашрия, телевизион ва ё сомона якнафарӣ равед. Айб аст охир аз як нашрия оилавӣ меравед. Дар охир Икромов аз котиби матбуотии раиси вилоят Музаффар Юнусов даъват ба амал овард, ки минбаъд дар баргузории нишастҳои матбуотӣ рафтор ва иштироки журналистон танзим карда шавад.

Ҳамчун як журналист аз ҳарсе эроди баёндоштаи Икромов агарчӣ дар рӯзи иди касбӣ буд, шодам. Зеро дар он нишастҳои матбуотие, ки ба қавле “тӯҳфа” дорад, 45-50 нафар ҷамъ мешаванд, ки баъзеяшон аслан  журналист нестанд ва “оча-бача”, “додо -духтар”, “хешу хешбача” ҳастанд. Масалан, дар нишасти матбуотии шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и  вилояти Суғд вақте иштирок доштам ҳамагӣ 7 нафар бо шумораи наворбардорон  будем, ки ҳатто сафи аввал толор пур нашуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар вилояти  Суғд  беш аз 50 адад рӯзномаву ҳафтаномаҳо, 17 адад телевизионҳои давлатию хусусӣ, беш аз 10 адад радиоҳо, 6 адад маҷаллаҳо фаъолият мебаранд. 

Фарзона Муродӣ

-->

Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Журналист 12.03.2020 11:55

    Дуруст нуфтахои Бобочон Икромов. Аммо бояд як чизро хам кайд мекарданд,ки имруз ба журналистон нашрияхои давлатию хусуси,радиою телевизион чанд сомони маош ё ганорар медиханд? Чи шароити кори фарохам овардаанд аз чихати таъмини наклиети хизмати,манзили зист е дигар шароити зисту эчоди?! Бояд айбро аз он чуем,ки моро журналистонро ба ин холат мачбур кардааст!

  2. Нодир 17.03.2020 09:08

    Ба қаламкашони солхӯрда, Бобоҷон Икромов барин одамон сангандозӣ ба суи ҳамкасбони худ бамезебад. Айб аст, айб , одаме ки муятон ба навистан сафед шуд. Агар хакикатро гуфтан мехоста бошемд, марҳамат, дар бораи порахӯрии мансабдорон ҳам нависед. Бинем, канӣ . Аммо ба тарафи ҳамкасбони санг задан осон. Хайр,шумороо ҳам фаҳмиданамон мумкин ки барои наҷоти пусти худ ин корҳоро мекарда бошед . Ҳамроҳи чанд рафиқу ҳамкори собиқ ва ҳамтабақ вазифаи к. …бардории мансабдорони вилояти Суғдро ихтиёрона ба гардан гирифтан ба шумо намезебад, бародар. То ин дараҷаҳоям не — дия. Е ин ки мақомот шумоёнро харида е маҷбур ҳам карда истодаанд?* Чӣ даркор худширинкунӣ дар назди мақомот, гапҳои табъи дили онҳоро зада, рӯзноманигоронро насиҳат кардан ? Чан сол боз мушоҳида мкунем ки бо рафиқонатон ба ҳукумат наздик шуда гирифта, дар ҳар маҷлису ҷаласаҳо рӯзноманигоронро танқид, ришвахӯр меномед, Амо ба журналистони ҳақиқатн ҳам хушомадгӯ, маддоҳе ки к шабу руз таърифу тавсифи мансабдорон машгуланд, мукофот тақсим мекунед. Инсоф ҳам даркор ба одам. Беҳуда дар пиронсолӣ худатонро бадном кадан чи даркор ?

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.