Бохтар: Бунёди маркази перинаталӣ бо харҷи 10 млн евро

Дар Беморхонаи клиникии вилоятии Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов бо маблағгузории Бонки Рушди Олмон сохтмони Маркази перинаталии дорои шароити хуби табобат бомаром ҷараён дорад. Чунин муассисаи тандурустӣ то ҳол дар дувоздаҳ шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мавҷуд набуд.

Дар Беморхонаи клиникии вилоятии Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов бо маблағгузории Бонки Рушди Олмон сохтмони Маркази перинаталии дорои шароити хуби табобат бомаром ҷараён дорад. Чунин муассисаи тандурустӣ то ҳол дар дувоздаҳ шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон мавҷуд набуд.

Ба гуфти дастандаркорон, арзиши умумии лоиҳа 10 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 3 миллион барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ва 7 миллион барои анҷоми корҳои сохтмонӣ масраф мешавад. Дар назар аст, ки таҷҳизоти лозимӣ аз Олмон ворид карда шавад.

Сардухтури беморхонаи мазкур Алихон Нуралиев таъкид кард, ки бо назардошти ниёзи рӯзафзуни сокинон ба чунин як маркази замонавӣ бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди он ҳанӯз моҳи ноябри соли 2017 шуруъ гардида, тибқи нақша соли 2020 дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ ба анҷом расонида мешавад.

“Ба хотири омода кардани мутахассисони дорои маҳорати истифода аз таҷҳизоти нави тиббӣ бо муассисаҳои омӯзишии Латвия ва Олмон ҳамкорӣ карда истодаем. Барои дигар духтурон ба хотири тезтару беҳтар аз худ кардани малакаҳои фаннию тиббии ҳамтоҳои хориҷӣ тариқи интернет бозомӯзии фосилавӣ роҳандозӣ карданием”, — афзуд А. Нуралиев.

Тасмими дигари маъмурияти беморхона, ки дар ояндаи наздик бояд амалӣ шавад, барои осон кардани мушкилоти муроҷиаткунандагон таъсиси маркази иваз кардани узвҳои даруна аст. Чунин муассисаи тиббӣ низ ҳанӯз дар ин минтақаи вилояти Хатлон собиқа надорад.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *