Бохтар ободу зебо гардида истодааст

«Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30–солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагиро ба нақша гирифтаем».
(Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Имрӯзҳо 124 нафар корманди идораи хоҷагии манзилию комуналии шаҳри Бохтар ба истиқболи ҷашни бузурги 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ машғуланд.
Тибқи иттилои сардори идораи хоҷагии манзилию комуналии шаҳри Бохтар Абдулқосим Мусоев, дар назди корхона гармхонаҳои парвариши гулу буттаҳои ороишӣ мавҷуд аст ва ҳамарӯза ба воситаи кормандон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр маъракаи шинонидани гулу буттаҳо ҷараён дорад.

Саҳми 36 нафар рӯбандаи идора, ки ҳамарӯза фаъолияти худро аз соати 5-и субҳ оғоз менамоянд, дар тозагиву зебогии маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар назаррас аст.
Ба иттилои Абдулқосим Мусоев, айни замон дар гирду атрофи шаҳри Бохтар 59 адад нуқтаи партофти ахлот мавҷуд аст ва ҳамаи онҳо навсозӣ шудаанд.

Идораи хоҷагӣ бо 11 адад техникаи наву замонавӣ таъмин буда, бо саҳми кормандон нуқтаҳои партофт саривақт тоза карда мешаванд. Заҳматкашони хоҷагии манзилию комуналии шаҳри Бохтар мақсад доранд, ки ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо меҳнати арзанда пешвоз гиранд.

Ҷомӣ Халифаев,

вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *