Бохтар: Таёр намудани ҳасиб аз гушти вайроншуда

16-уми майи соли 2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти фиреби истеъмолкунандагон дастгир карда шуд.

Номбурда, аз моҳи марти соли 2018 дар кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри мазкур бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз, бе шаҳодатномаи бойторӣ ва хулосаи санитарию эпидемиологӣ бо истифодаи гушти қиммаи мурғи вайроншудаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуда, ба истеҳсоли 2 намуд ҳасиби буғии “Ҷашнӣ” ва “Наврӯзӣ” машғул гардидааст.
Ҳангоми азназаргузаронии сехи истеҳсоли ҳасиб 517-кг гушти қиммаи мурғ ва 150-адад маҳсулоти тайёри ҳасибҳои номбурда дар ҳаҷми 300-кг дарёфт гардида, барои гузаронидани ташхис гирифта шуд.
Тибқи хулосаи Муассисаи давлати Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ муайян гардид, ки дар таркиби намунаи гушти қиммаи мурғ бактерияҳо ва микробҳо мавҷуд буда, ҳангоми истеъмоли чунин маҳсулот хатари ба бемории шадиди меъдаю рӯда гирифтор шудани истеъмолкунандагон ҷой дорад.
Нисбати номбурда аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 209 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *