Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бохтар:Мардум кадом мошинро мехаранд?

Бинобар сабаби пешгирӣ аз коронавирус аз аввалҳои соли ҷорӣ, Тоҷикистон сарҳадоти худро бо дигар давлатҳо маҳкам кард. Танҳо воридоти масолеҳи хӯрокворӣ иҷоза буда, воридоти дигар чизҳо, аз ҷумла, автомошинаҳо низ манъ аст. Дар ҳоле ки ворид кардани мошин кам шудааст, аммо бозори мошин бо вуҷуди гармии ҳаво, серодам аст.

Ҳарчанд харидори аслӣ кам ҳам бошад, вале нархи мошинҳо назар ба чор моҳи пеш, гарон шудааст.

Ба қавли фурӯшандаҳо Mercedes-Benz, аз мошинҳое мебошад, ки бештар харидор дорад ва нархи он назар ба аввали сол то чор ҳазор сомонӣ гарон шудааст.

Раҷабалӣ, тоҷире дар мошинбозори “Ҳоҷӣ Шариф” гуфт, ки мошинҳо қимат шудаанд, чунки ворид кардани воситаҳои нақлиёти гуногун чанд моҳ шуд манъ аст: “Дар Хатлон мошинҳои қиматбаҳоро мисли Toyota Camry, ки 110 ҳазор сомонӣ аст, кам мехаранд, бештар мошинҳои Opel Astra ва Opel Zafira-и соли бароришашон аз 2000-ум он тараф, ки арзон ҳастанд”.

 Дар мошинбозори шаҳри Бохтар мошинҳои маъруфи Volga қиматаш то 15 ҳазор сомонӣ буда, ин мошинҳоро дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ танҳо афроди пулдор ва мансабдор харидорӣ мекарданд. Мошини Volga ва дигар мошинҳои сохти шӯравӣ ҳоло хело кам харидорӣ мешаванд. Чунин мошинҳоро онҳое харидорӣ мекунанд, ки ба қавле коллексионери ретро автомобилҳо ҳастанд.

Имомдод Хосиятов, аз мошинбозори шаҳри Бохтар, ки ҳафтае як рӯз — якшанбе баргузор мешавад, аксгузорише омода кардааст, ки ин ҷо бубинед.

Имомдод Хосиятов,

ш. Бохтар

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj