Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бонки миллӣ: Қурби  сомонӣ 10,66% поин рафт

 

Қурби асъори миллӣ ба доллар аз моҳи январи соли равон то охири моҳи июн 10,66 %  коҳиш ёфтааст.

Бино ба гузориши Бонки милии Тоҷикистон аввали моҳи январи соли 2016 1 доллар 7,1101 сомонӣ буд, аммо 30-уми июн бошад 1 доллари амрикоӣ ба 7.8680 сомонӣ табодул шуд.

Соли 2015 сомонӣ дар баробари доллар 31,7 дарсад беқурб шуд ва арзиши 1 доллар аз 5.3074 то 6.9902 сомонӣ расид.

Қурби расмии сомонӣ дар баробари евро дар нимсолаи аввали соли равон 12,65 дарсад коҳиш ёфта, як евро аз 7,7529 то 8.7335 сомонӣ табодул шуд. Қурби сомонӣ дар баробари рубли русӣ низ 12,65 дарсад поин рафт.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.