«Бонки Покистон дар Тоҷикистон» барҳам дода шуд

Тибқи хабари АМИТ “Ховар” Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» хабар медиҳад.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» дархости ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» қонеъ карда шуд.
Гуфта мешавад, ки Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст.
Аз ин рӯ, Иҷозатномаи ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ аз 20 марти соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2012 дода шудааст, бозхонд гардида, аз эътибор соқит дониста мешавад.

Мақомоти ваколатдори ҶСП «Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон» вазифадор карда мешавад, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *