Бонувони футболбози тоҷик яке аз охиринҳо

Дастаи миллии футболи занонаи  Филиппин 1 вохӯрӣ пеш  аз анҷоми бозиҳо дар  гурӯҳи «А» ба марҳилаи интихобии финали Ҷоми Осиё-2018, ки имрӯзҳо дар Душанбе мегузарад, роҳхат гирифт. Ин мунтахаб дар даври чорум бо мунтахаби Баҳрайн мусовӣ – 1:1 бозида, бо дастории 10 хол ба даври финалии Ҷоми Осиё-2018 баромад.

Вохӯриҳои даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 12 апрел дар Душанбе доир мешавад. Он рӯз мунтахабҳои Иордания – Филиппин, АМО– Тоҷикистон ва Баҳрайн – Ироқ ба ҳам меоянд..

Мутаассифона, мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон  дар чор даври бозиҳои гурӯҳи «А» бозии авалинашро аз дастаи Ироқ 1:0 бурида , се бозии дигарашро боҳисобҳои калон бохт ва бо 3 хол дар ҷойи пеш аз охирини гурӯҳ ҷой гирифтааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *