Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

БОР ба Тоҷикистон кӯмак кард

Бонки осиёии рушд барои кормандони тиббии Тоҷикистон 12 тонна воситаҳои муҳофизати инфиродӣ аз коронавирусро таҳвил дод.

Маводи тиббии иборат аз 22 ҳазор корҷомаҳои муҳофизатӣ, 8 ҳазор хилъатҳои ҷудонигоҳдоранда ва 175 ҳазор ҷуфт бахил аз Камбоҷа ворид шуданд.

Гуфта мешавад, ин миқдори аввалини маводу маҳсулотест, ки дар доираи гранти барои Тоҷикистон тасдиқшуда дар моҳи июл ба маблағи 928 ҳазор доллар мебошад. Миқдори дуюм ва сеюми кумак то охири моҳи сентябр ва дар моҳи октябр расонида мешавад.

Грант илова ба кумакҳои зерини пешинаи БОР ба Тоҷикистон дар муқовимат бо COVID-19 мебошад: 50 млн доллар грант барои дастгирии буҷет; 2,5 млн доллар барои вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода ва 100 ҳазор доллар грант дар доираи лоиҳаи ҳифзи солимии модарону кӯдакон ва харидории маводи тиббӣ.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.