Бори аввал: нашри китоби 5 шоири ҷавон аз ҳисоби Президент

Давлат Сафар, директори нашриёти давлатии “Адиб” хабар дод, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар китоби 5 шоири ҷавон ба нашр расид. Бори аввал аст, ки дар кишвар аз ҷониби роҳбари давлат китоби ҷавонон ба нашр мерасад.

Ба иттилоъи Давлат Сафар феълан панҷ китоби шоирони ҷавони боистеъдод Баҳроми Раҳматзод – “Ман аз табори дарахтам”, Толиби Луқмон – “Сарводаҳо дар ҷодаҳо”, Бузургмеҳри Баҳодур – “Саршор”, Муҳриддин Сабурӣ – “Хурдаҳои қалам” ва Бузургмеҳри Тоҷиддин – “Дили оинабанд” аз чоп баромад.
“Мо ният дорем, ки ин силсиларо солҳои баъдӣ ҳам идома медиҳем ва ашъори шоирони ҷавонро ба нашр мерасонем” – мегӯяд, Давлат Сафар.
Шоири ҷавон Бузургмеҳри Баҳодур, ки китоби ӯ низ дар ин силсила ба нашр расидааст мегӯяд, ки нашри китоб барояш ногаҳонӣ буд:
“Ман аслан интизорӣ надоштам, ки китоби маро нашриёти давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои Президенти кишвар ба нашр мерасонад. Зеро ман ду китоби қаблиамро бо кӯмаки ташкилотҳои хусусӣ ба нашр расонида будам” – гуфт, зимни суҳбати телефонӣ Бузургмеҳр.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *