Борону барфи шадид ва обхезӣ дар Тоҷикистон

  Дар Тоҷикистон сокинонро аз ҳавои номусоид давоми ду рӯз ҳушдор медиҳанд

Шабонарӯзи оянда дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ, дар баландиҳои беш аз 2000 метр барфи тар ва дар баъзе аз ин манотиқ барфи шадид меборад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар дар ин бора хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳавои тира дар роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ эҳтимол ба ҳаракати мошинҳо халал эҷод кунад.

«КҲФ хотиррасон мекунад, ки 22-23 октябри соли 2021 ҳарорати ҳаво аз 7 то 12 дараҷа коҳиш меёбад. 22 октябр дар як қатор ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шамоли сахт дар назар аст. Бод ба шиддати 17-22 метр дар як сония мевазад, дар ноҳияҳои ҷануби кишвар хокбориш низ дар назар дошта шудааст», — афзуд манбаъ.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 23-24-ум дар баъзе ҷойҳо меҳ мефарояд.

Дар натиҷаи боронҳои пуршиддати тирамоҳӣ эҳтимоли боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Ёхсу ва Қизилсӯ вуҷуд дорад.

Дар роҳҳои кӯҳии кишвар, бахусус дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ, Душанбе — Рашт — Лахш, Душанбе — Сангвор, Душанбе — Кӯлоб – Шоҳин — Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим эҳтимоли резиши санг басо зиёд аст.

Кумита аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки қоидаҳои бехатарии сӯхторро ҳангоми истифода аз дастгоҳҳои гармидиҳандаи барқӣ риоя ва дар истифодаи барқ низ сарфаҷӯӣ кунанд.

Ҳамчунин ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, резиши санг ва меҳу торикӣ дар роҳҳо мушкилро дучанд мекунад. Аммо риояи қоидаҳои ҳаракат ва фосилаи байни мошинҳо гарави аслии бехатарист.

Ин ниҳод аз сокинон тақозо кардааст, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъи номуносиб ё ҳолати фавқулодда бо рақами 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ, бо телефонҳои 223 13 11, 93 880 28 19 занг зананд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.