Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боз моҷаро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Ин бор барои сохтмони роҳ

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, марзбонҳо ва сокинони Қирғизистон монеи сохтмони роҳе шудаанд, ки «дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ ҷойгир буда, минтақаи баҳсӣ нест». Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддао дорад, ки ин минтақаи номуайяни сарҳадӣ аст ва сохтмони ҳамагуна роҳ бояд аз қабл бо Бишкек ҳамоҳанг шавад.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки марзбонҳои Қирғизистон барои монеъ шудан ба мумфаршкунии роҳ дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳаво чанд тири огоҳкунанда холӣ кардаанд. Мақомоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон инро рад намекунанд. Онҳо ба хабаргузории 24.kg гуфтаанд, «пас аз он ки ҷониби Тоҷикистон ба талаби сарҳадбонон гӯш надод ва кӯшиши бо санг заданро кард, ба ҳаво тир сар доданд». Вале онҳо мегӯянд, ки моҷаро дар деҳаи Тош-Тумшуқи ноҳияи Бодканд рух додааст.

Баъд аз гуфтугӯи марзбонҳо, маъмурони милиса ва ҳукуматҳои маҳаллии ду кишвар вазъият дар марз муътадил шудааст. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, азбаски бунёди роҳ маслиҳат нашуда буд, корҳои сохтмонӣ боздошта шуд. Раиси деҳаи Хоҷаи Аъло гуфт, ки «фардо ба мумфаршкунии роҳ идома медиҳем».

Моҳҳои охир дар бораи чанд задухӯрд ва кушта шудани сокинон дар моҷароҳои марзӣ дар байни марзи Тоҷикистону Қирғизистон гузориш шудааст.

Рӯзи 24-уми августи имсол низ дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон байни гурӯҳе аз сокинони ду ноҳия ҷанҷол бархоста ва ба сангандозӣ кашид.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст ва то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Баҳсу гуфтугӯ сари манотиқи боқимонда солҳост идома дорад, вале бенатиҷа. Аз ин сабаб, дар минтақаҳои баҳсталаб ва номуайян сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор ҷангу даъво ва борҳо хунрезӣ кардаанд.

Дар муноқишаҳо дар рӯзҳои 22 ва 23-юми июли имсол миёни сокинони Ворухи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чандин нафар аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд. Баъди ин раҳбарони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар ноҳияи Исфара мулоқот карда, гуфтанд, ки бояд мушкилоти марзӣ ҳарчӣ зудтар ва аз роҳи гуфтушунид ҳал шавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.