Коронавирус директори дуюми театрро ҳам кушт

Муҳиддин Сангинов, иҷрокунандаи вазифаи директори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ дар бемористон аз бемории «илтиҳоби шуш” вафот кардааст.

Муҳиддин Сангинов 63 сол дошт ва аз моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи аз айни бемории «илтиҳоби шуш” даргузаштани директори собиқи театри Камол Абдуқаҳҳор Раҷабов роҳбарии театрро ба дӯш гирифта буд. Абдуқаҳҳор Раҷабов рӯзи 12 май дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Хуҷанд дар синни 62 вафот карда буд.

Ба ин тартиб, театри Камол дар 4 моҳи охир инак раҳбари дуюмашро аз даст дод. Муҳиддин Сангинов соли 1957 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми факултаи рассомӣ-графикии Донишгоҳи педагогии ба номи С.М. Кирови шаҳри Хуҷанд дар соли 1980 дуруст 40 сол дар театри Камол ба ҳайси басаҳнагузорандаи намоишномаҳо ва ҷонишини директор шуда кор кардааст. Марҳум 4 моҳи охир и.в. мудири ин театр буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *