Боз як фавт. Омори нави Вазорати тандурустӣ

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар 43 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар муддати аз 30 апрел то 23 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9475 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 8244 ё худ 87,0%-и гирифторон шифо ёфта, 74 нафар вафот кардаанд.

Шабонарӯзи охир 108 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *