Боз як садамаи нохуш дар Варзоб

Дирӯз  дар ноҳияи Варзоб мошини “Тойота-Королла” бо 5 сокини Душанбе ба чуқурии 200-метрӣ сарозер шудааст.

Ронандаи 48-солаи “Тойота”, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба тарафи пойтахт, дар ҳудуди деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-метрӣ чаппа шудааст. Дар натиҷа, ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, чор муосифири дигар, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.