Боз як тоҷикро дар Русия куштанд

Нуруллоҳ Мирзоеви 35 сола дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав аз дасти як шахси доғистонӣ ба қатл расидааст.

Нуруллоҳ Мирзоеви 35 сола дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав аз дасти як шахси доғистонӣ ба қатл расидааст.

Гуфта мешавад қотил бо корд ба қисмати дили Мирзоев зарба задааст. Ҳануз сабаби ин куштор мушаххас нашудааст, вале шоҳидони ҳодиса мегӯянд, як марди доғистонӣ танҳо ба хотири он ки тасодуфан китфи муҳоҷири тоҷик ба китфи ӯ расидааст, бо ғазаб ба Нурулло Мирзоев дарафтодааст.

Аз ин муҳоҷири нокоми тоҷик, ки зодаи деҳаи Бакарони  шаҳри Ваҳдат дар маркази Тоҷикистон буд, ҳамсар ва 3 фарзанди ятим бар ҷой мондааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳануз дар бораи куштори ёдшуда тавзеҳоте надодааст.

Бояд қайд намуд, ки пурсару садотарини ин қатлҳо марбут ба Хуршеда Султоноваи 9 сола, Бахтиёр Расулови 31 сола ва Ҳувайдо Тиллозодаи 5 сола буд.

Пайвандони ин ҷавонмарди шаҳиди тоҷик бо чашми гирён интизори овардани тобути хунини ӯ ба хона мебошанд. Касоне, ки дасти фарох доранд ва мехоҳанд дар интиқоли ҷасади ин ҳамватани шаҳиди хеш ба Ватан кӯмак расонанд, метавонанд маблағи хайрияи худро ба корти бонкии бародари Нуруллои чавонмарг ба суратҳисоби зерин гузаронанд:

Сбербанк: 54693800 14059629

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *