Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боз як тобути сарбоз дар замони осоишта

Тобути  Рамазон Забиров, сокини деҳаи  Тӯдаи ноҳияи Ҳисор аз қисми ҳарбӣ ба хонаашон оварда шуд .

Волидони ӯ даъво  доранд, ки фарзандашон ҳангоми хидмат дар сафи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз сӯи ҳамхидматонаш латту кӯб шуда, ҷон додааст. Рамазон моҳи апрели соли ҷорӣ ба хидмат рафта ва ҷасадаш рӯзи 7 август ба хок супурда шудааст. Сабаби  расмии марги Рамазон Забировро, ки дар қисми низомии 2858-и ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд хидмат мекард, то ҳол эълон накардаанд. Хонаводаи ӯ мегӯянд, касе аз масъулони қисми низомӣ низ сабаби марги писарашонро шарҳ надода, ҷасадро дар рӯи ҳавлӣ гузошта рафтаанд.

-->

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Шухрат Юсупов 11.08.2016 13:23

    Парвадигор чоша чанад кунад кушандоша бизанад

  2. Азизчон Неъматов 12.08.2016 14:09

    Нисфи шаб соат кариб сею чор,
    Модари бечора бедор интизор.
    Даст руи зонуву сар руи даст,
    Хурдакак чисми харосон менишаст.
    Гарчи хомуш аст модар дар назар,
    Дил парешону хаёлаш дар ба дар.
    Бо хазор андеша модар гох-гох,
    Чониби тиреза бинмояд нигох.
    Хар тараф хамсояхо сармасти хоб,
    Модари бечора танхо дар азоб.
    Дидабедоре ки он хам мох буд,
    Аз дили модар кучо огох буд?
    Суи модар аз фазо карда нигох,
    Бо забону безабони гуфт мох.
    Хар шаб ахволаш хамин охир чаро-
    Боз мечуиву мепои варо?
    Баркашида бар рухи покаш никоб,
    Рафт мах хам суи уфк аз бахри хоб.
    Нисфи шаб атроф торику хомуш,
    Модари бечора лекин то ба хол.
    Менишинад руи чогах бо хаёл,
    Буд кудак гавхари якдонааш.
    Нури чашму равшании хонааш,
    Бар сари гахвора модар он замон:
    Буд бедору валекин шодмон.
    Орзу мекард к-у гардад калон,
    Бар сари модар бигардад соябон.
    Лек холо чои шоди орзу,
    Халка дорад ашк дар чашмони у.
    Ними шаб модари шабзиндадор,
    Дар рахи фарзанд бо чашмони чор.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.