Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздиди Раҳмон аз ноҳияҳои марзӣ ва шиносоӣ ба омодагии ҷангии марзбонон

Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазъи омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи вилояти Хатлонро санҷид
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бо як сафари корӣ субҳи имрӯз ба ноҳияҳои марзии ҷануби Тоҷикистон рафта аз отрядҳои сарҳадӣ боздид кардааст, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо маҳалли будубоши хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии ин сохтор дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон шинос гардид.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз пойгоҳи Отряди сарҳадии ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дидан кардааст.
Зимни суханронӣ дар назди низомиён президент гуфтааст:
«Имрӯзҳо авзои ҳарбиву сиёсии кишвари ба мо ҳамсоя — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷумла вилоятҳои Балх, Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳаданд, ниҳоят мураккаб мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва махсусан, аз афсарону сарбозони сарҳадбон ҳушёриву зиракии доимӣ, масъулияти баланд ва омодабошии ҳамешагиро тақозо менамояд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.