Боздошт барои кӯшиши тамос бо Гулмурд Ҳалимов

Меҳроб Юсуфов, пизишки 24-сола дар ноҳияи Варзоб, бо гумони талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик ва тарғиби ақидаҳои ифротӣ боздошт шудааст. Дар пайи ин амалиёт, ки рӯзи 19 октябр сурат гирифтааст, инчунин, панҷ сокини ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб дастгир гардидаанд.

Мақомот пас аз се рӯз панҷ нафарро бо шарти берун нашудан аз маҳалли зист раҳо карданд, вале Меҳроб Юсуфов, ки гумонбари аслии талош барои суҳбат бо Гулмурод Ҳалимов дониста мешавад, дар боздошт қарор дорад.

Ба гуфтаи як корманди мақомоти интизомӣ, Меҳроб Юсуфов тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавонони дар Сурия қарордошта тамос гирифта, ҳамзамон аз онҳо хоҳиш кардааст, барои барқарор кардани робита бо Гулмурод Ҳалимов мусоидат кунанд. Ба иттилои ӯ, то ҳол нисбат ба ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. «Мавзуъ таҳқиқ мешавад. Феълан маълум нест, ки ин ҷавонон аз сари ҳавову ҳавас талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимовро кардааст ва ё воқеан андешаҳои ифротӣ дошта, пайрави чунин андеша будааст», — афзуд корманди интизомӣ.

Моҳи августи имсол Амрико барои иттилоъ дар бораи маҳалли будубоши Ҳалимов, ки, ба гуфтаи онҳо, метавонад шахси хеле муҳим дар сафи ДИИШ бошад, то 3 миллион доллар ҷоизаи пулӣ ваъда кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *