Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздошти 5 муаллими Донишкадаи забонҳо бо ҷурми узвият ба «Ихвон-ал-муслимин»

Мақомоти интизомии Тоҷикистон 27 нафарро бо гумони узвият ба созмони «Ихвон-ул-муслимин» дастгир кардаанд, ки аз онҳо 5 нафарашон устодони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода будаанд.

Ҳамчунин, миёни боздоштшудагон пайвандони оилаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳо ҳам ҳастанд.

Дар рӯзҳои аввали соли нав мақомоти Тоҷикистон чанд нафарро бо гумони узвият дар созмони мамнӯи мазҳабии “Ихвон-ул-муслимин” дастгир кардаанд. Дар ин бара “Радиои Озодӣ” дар такя ба манобеъи худ ва суҳбат бо пайвандони боздоштшудагон хабар медиҳад. Вале аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи кишвар дар ин бора хабари расмие пахш накардаанд. 

Бино ба иттилоъе, ки ба дасти сомонаи pressa.tj расид, аз миёни боздоштшудагон 5 нафарашон устодони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода будаанд. Яке аз онҳо устоди забону адабиёти мисрӣ буда, Муҳаммад Байюмӣ ном дорад.  Номбурда, зиёда аз 10 сол дар Тоҷикистон зиста дар донишкадаи забонҳо дарс мегуфт ва то дараҷаи дотсентӣ расида буд. Байюмӣ дар Душанбе китобҳо низ ба нашр расонидааст. Сатторов Икромшо, Мирзоев Ҳикматулло ва Эшонхонов низ муаллимони ин донишкада ҳастанд, ки бо ҷурми узвият боздошт шудаанд. Дар ин бора манобеъи мо аз донишкадаи мазкур хабар доданд.

Аз ДДЗТ хабари боздошти устодонро тасдиқ карданд, аммо аз шарҳи он худдорӣ намуданд.

“Тафтишот идома дорад, хулосаи мақомотро интизорем”, — гуфтанд аз донишкада.

Бо сабаби он ки мақомот ба кӯшишҳои мо пусухи расмӣ надоданд, тафсилоти дигари хабарро дар даст надорем.

“Ахбор” хабар дод, ки  миёни боздоштшдагон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи Ихвон-ул-муслимин якеаш Исмоил Қаҳҳоров – домоди рӯҳониёни маъруф аз хонаводаи Тӯраҷонзодаҳост. Мулло Исмоил дар солҳои 90 дар Покистон таҳсил карда ва солҳои охир дар деҳаи Ваҳдатобод (собиқ Туркобод) – зодгоҳи Тӯраҷонзодаҳо зиндагӣ мекард. Ӯ шавҳари хоҳари Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мебошад. 

Фаъолияти Ихвон-ул-муслимин дар Тоҷикистон аз соли 2006 расман манъ шудааст. Се сол пеш дар вилояти Суғд ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла чанд имоми масҷидро бо айни иттиҳоми ҳамкорӣ бо ин созмони мамнӯъ дастгир ва маҳкум ба зиндон карда буданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.