Боздошти муттаҳами тирпаррониҳои Тароз

Пулиси шаҳри Тарази Қазоқистон хабар медиҳад, ки муҳосираи биное дар шаҳраки шашум бардошта шудааст ва сокинони он ба манзилҳояшон баргаштаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли пулис менависанд, ки дар яке аз шаҳракҳои Тараз як нафари ношинохт сӯи пулис тир кушодааст. Ду нафар аз тири вай захмӣ шудаанд.

Ербол Ордабеков, табиби беморхонаи шаҳрӣ мегӯяд, яке аз ин ду захмӣ ҷарроҳӣ шуда ва дар ҳолати вазнин бистарӣ аст. Аҳволи нафари дувум низ сабук нест.

Пулиси вилоятӣ хабар медиҳад, ки гумонбари ин тиркушоӣ «ҳамчун шахси дорои гузаштаи ҷиноятӣ» дар қайди мақомот будааст. Аммо пулис ҳамдастии ӯро дар фаъолияти террористӣ рад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *