Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Боздошти сокини Рӯдакӣ бо гумони одамкушӣ

Абдулмумин Халилов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар марги Диловаршо Шомиров, ҷавони 27 сола гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора портали «dushanbepolice.tj» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Абдулмумин Халиловро боздошт кардааст. Қаблан санаи 24 марти соли ҷорӣ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар як изҳороти расмӣ вобаста ба дарёфт гардидани ҷасади шахсияташ номаълум иттилоъ дода буд. Тавре аз Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба “Pressa.tj» хабар доданд: “Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович соли таваллудаш 17.04.1993 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев мебошад.

Тибқи маълумотномаи ташхиси тиббӣ-судӣ сабабҳои марги шаҳрванд Шомиров Диловаршо инсулти геморогӣ ва атеросклерози шараёнҳои дил мебошад”. тибқи иттилои манбаъ, баъди гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯи муайян ва дастгир карда шуд, ки шаҳрванд Халилов Абдулмумин Асадуллоевич, соли таваллудаш 30.04.1989 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷабрдидаи марҳум Шомиров Диловаршо дар як нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо кор карда, санаи 22 марти соли ҷорӣ тахминан соатҳои 22.30 дар асоси ғаразҳои пешакӣ ва бо мақсади қасосгирӣ ҳарду дар назди бинои 2-и кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур муноқиша намуда, Халилов Абдулмумин бо мушт як зарба ба қисмати рости мавзеи гӯши Шомиров Диловаршо задааст. Дар натиҷа охирон ба замин афтода, баъди чанд лаҳза ба ҳалокат расидааст. Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Халилов Абдулмумин Асадуллоевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати гумонбаршуда чораи пешгирӣ дар намудаи ҳабси пешакӣ татбиқ ва тафтиши пешакӣ идома дорад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.