Боздошти Судя бо 111 ҳазор доллар пора дар Душанбе

Мақомоти зидди фасоди Тоҷикистон як судяро ба гумони гирифтани пора дар ҳаҷми 111 ҳазор доллари амрикоӣ боздошт карданд. 

Ба иттилои Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикисттн Искандар Саидзода, судяи Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои гирифтани пора боздошт шуд. Манбаъ мегӯяд, ки  Искандар Саидзода, ба шаҳрвандон «А» ва «Б» барои ин ки оҷонсии зидди фасод онҳоро ба қаллобӣ муттаҳам кард, бар ивази ин қадар маблағ мехост кӯмак кунад: “Баҳори соли равон Саидзода барои пуштибонӣ аз судшавандагон «А» ва «Б» аввал 7000 доллари амрикоӣ ва сипас зери таҳдиди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 19 майи соли 2016 бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ нисбати судшавандагон «А» ва «Б» ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷарима татбиқ кард”.

Ҳамчунин Искандар Саидзода, барои рупуш кардани кирдорҳои ҷиноӣ ба чунин шеваи кор идома дода, ба қасди ҳали мусбати парвандаи дигар аз шаҳрвандон «А» ва «Б» 50 ҳазор доллар талаб мекунад:“17-уми июни соли равон тахминан соати 17 Саидзода пас аз гирифтани 50 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад”.

Тайи як ҳафтаи ахир ин бори чандум аст, ки масъулони воломақом ба иттиҳоми гирифтани пора дастгир мешаванд. Қабл аз ин оҷоснии зидди фасод як ҳукуқшиноси ҳукумати шаҳри Душанберо ба гирифтани пора боздошт карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *