Бозор Собир: Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер…

Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир маҳфили фарҳангие, ки дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибон ва дӯстдорони шеъру суруд баргузор гардид, ширкат намуд. Дар он иштирокдорон бевосита ба саволҳои худ аз шоири дӯстдоштаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

Маҳз бо ин рубоӣ оғоз намуд Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим саҳми Бозор Собирро дар пешрафти шеъри тоҷик басо бузург арзёбӣ намуда, чунин афзуд: « Имрӯз маҳфили шоире ҳаст, ки барои муаррифӣ ниёз надорад, зеро устод Бозор Собир шоире ҳастанд, ки ба ягон кас монанд нестанд ва шеъри хоси худро доранд. Чи тавре, ки худи эшон гуфтаанд:    «Худро дар мактаби худ ман ёд дода гуфтам».  Дар ҳақиқат рост аст, шеъри эшон хос аст ва шеърест, ки имрӯз даҳҳо ва садҳо шоирони ҷавон аз он пайравӣ мекунанд ва мехоҳанд ҳамин хел шеър гуфта бошанд».

«Устод Бозор Собир ҳамеша ба дилҳои мо, шоирон наздик ҳастанд, зеро вақте ман шеърҳоямро барои таҳрир ба назди он кас мебурдам, хеҷ гоҳ  рӯҳафтода намекарданд  ва мегуфтанд, ки ин шеърат бисёр хуб аст ва ин шеъратро ками дигар тағйир додан лозим аст»,- чунин иброз дошт шоира Зулфия Атоӣ.

«Шеъри Бозор Собир тасвирӣ мебошад, вақте кас  мехонад тасвири шоирро дар пеши  чашми худ  мисли намоишнома  ва филм мебинад. Дар баробари ин устод Бозор Собир аввалин шоире ҳастанд, ки дар бораи НБО-и «Роғун» шеър гуфтаанд ва охирин шеъри тозаро ҳам маҳз устод Бозор Собир дар васфи «Роғун» навиштаанд»,- баён дошт Низом Қосим.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *