Бозори Кӯлобро кӣ сӯхт?

 

Сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб Ҳокимшо Назаров гуфтааст, ки  дар сӯхтори шаби 14 ба 15 август дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб мудири анбори ин бозор гумонбар мешавад.

Ба гуфтаи Ҳокимшо Назаров, «муайян гардид, ки бо сабабҳои номаълум мудири анбори бозор аввал анборро холӣ карда, сипас барқасдона онро оташ задааст.”

Ҳокимшо Назаров, сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб рӯзи 15 август дар суҳбат бо хабаргузории давлатии «Ховар” тасдиқ кардааст, ки сӯхтори шаби 14 ба 15 август дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб амали барқасдона буд.

Ҳокимшо Назаров дар суҳбат бо мухбири минтақавии «Ховар” Сулаймон Хол гуфт, дар ин сӯхтор, ки соати дувоздаҳи шаб сар зад, мудири анбори бозори марказии шаҳри Кӯлоб гунаҳкор дониста мешавад: «Муайян гардид, ки бо сабабҳои номаълум мудири анбори бозор аввал анборро холӣ карда, сипас барқасдона онро оташ задааст.”

Ангезаи даст ба чунин амал задани мудири анбор ҳанӯз маълум нест. Мақомот номи мудири анборро низ ҳанӯз нашр накардаанд.

Дӯкондорони бозори марказии Кӯлоб ҳанӯз қабл аз шарҳи расмии мақомот бо итминон мегуфтанд, ки ба бовари онҳо, сӯхтор дар ин бозор амали барқасдона аст. Нигаронии онҳо аз ин буд, ки мабодо мақомот изи ин ҷиноятро бипӯшонанд.

Шаби 14 ба 15 август, соати тақрибан 24 анбори бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафт.«Баъди қабул намудани бонги сӯхтор фавран 5 нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онро сари вақт хомӯш намуданд. Оташ соати 12:15 пурра хомӯш гардида, пеши роҳи паҳншавии аланга ба дигар қисматҳои бозор гирифта шуд,» — гуфт Ҳокимшо Назаров.

Сардори Хадамоти оташнишонии шаҳри Кӯлоб гуфт, сӯхтори шабона дар бозори марказӣ ба маблағи 17 ҳазор сомонӣ зарар овардааст, вале хушбахтона, касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Бозори марказии Кӯлоб ба далели сӯхтори шабона ва зарурати халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот то соати 12-и рӯзи 15 август баста буд, вале аз нимаи дуюми рӯз ба фаъолият сар кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *