Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Бозори “Корвон” баста шуд. Чаро?

Имрӯз 3-юми июл дари бозори “Корвон” пас аз 18 рӯзи фаъолияти баъди карантинӣ дубора ба рӯи харидорон баста шуд. Харидорон мегӯянд, ки субҳ ба бозор омада, дарҳоро баста дарёфтаанд.

Хабарнигори сомонаи Pressa.tj бо масъулони ин бозор дар тамос шуда, асли воқеаро пурсид. Як масъули бозор ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки сабаби баста гардидани бозор ин анҷоми корҳои поккориву санитарӣ ба ҳисоб меравад. Баъди анҷоми пурраи поккорӣ, бозор боз фаъолияташро идома медиҳад. Аммо бо риояи талаботҳои зиддисанитарӣ, ки имрӯз дар доираи пандемияи коронавирус пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки тибқи қоидаҳои бозордорӣ дар шаҳри Душанбе, охири ҳар моҳ ва он ҳам дар рӯзи авали ҳафта дар бозорҳо корҳои санитарӣ анҷом дода мешавад. Вале рӯзи ҷумъа баста шудани дари бозор ва анҷоми корҳои санитарӣ то андозае муштариёни ин бозорро нигарон кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.