Бозори “Панҷшанбе”: Нархаш 3,5 миллион ё 83 миллион?

Суди Олии Тоҷикистон дар марҳилаи кассатсионӣ низ аз ширкати «Фортуна» ба ихтиёри «Тоҷикматлубот» гузаштани бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷандро дуруст ва қонунӣ донист. Вале соҳиби қаблии бозор мегӯяд, ин поёни баҳс нест ва барои аз молики нав рӯёнидани арзиши бозор талош хоҳанд кард.

Раҳим Шарифзода, ҳуқуқшиноси ширкати «Фортуна» дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст: «Арзиши мувозинатии бозори «Панҷшанбе» 83 миллион сомонӣ аст. Вале то ҳозир ба ширкати мо ҳудуди 3.5 миллион сомонӣ доданд. Мо барои рӯёнидани маблағи боқимонда ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят мебарем».

Қаблан Сулаймон Қосимзода, раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд гуфта буд, ки шартномаи харидуфурӯши бозори «Панҷшанбе»-ро Суди олӣ бекор кард ва ба «Тоҷикматлубот» баргардонд.

Баҳси иҷроиши ин қарор аз ҷониби суд-иҷрогарон низ дар Суди Олӣ ҷараён дорад. Масъулони «Фортуна» мегӯянд, ки ин ширкат бозори «Панҷшанбе»-ро соли 1999 аз ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд ба наздики 80 миллион сомонӣ харид. Сипас барои таъмиру навсозии бозори он замон чанд миллион сомонии дигар харҷ кардааст. Аммо нархгузорони давлатӣ қимати «Панҷшанбе»-ро ҳудуди 3, 5 миллион сомонӣ муайян карданд ва Суди Олӣ Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-ро ба додани ин маблағ муваззаф кард.

Моликони ҳозираи «Панҷшанбе» ба дасти соҳиби аввалааш гузаштани бозорро «расидани ҳақ ба ҳақдор», вале маъмурияти пешинаи бозор ин корро «ғайриқонунӣ» ва «иҷборӣ» меноманд.

Ширкати «Фортуна», ки муассисаш Абдураҳим Исмоилов, аз соҳибкорони маъруфи Хуҷанд аст, пас аз 10 соли харидани бозори «Панҷшанбе» нахустин корхонаи тавлиди лампаҳои каммасраф дар Тоҷикистон — «Сомон энержӣ»-ро таъсис дод.

Қабл аз он дар соли 1997 Исмоилов ширкати тавлиди обҳои маъданӣ ва ташнагишикан, «АвруОсиё 2005»-ро дар Хуҷанд фаъол карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *