Бунёди 30 иншоот дар Панҷакент

Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразм қарор аст дар шаҳри Панҷакент 30 иншооти гуногуни сохтмонӣ сохта ба истифода дода шавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин шаҳр бинои нави табобатӣ бо 200 кат дар беморхонаи марказӣ, меҳмонхонаи «Саразм плаза», бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Саразм, бинои нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон, мумфаршкунии роҳҳо, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон, рамзи 5500-солагии Саразм, дарвозаи Саразм, осорхона дар «Пойгоҳи бостоншиносии Саразм» ҳоло дар рафти бунёдсози қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *