Бунёди боғу токзори нав дар Хатлон

“Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад”.
(Иқтибос аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Тибқи нақшаи дурнамо, дар назар аст, ки соли 2019 дар майдони 1010 гектар замини ҳудуди вилояти Хатлон боғ ва 97 гектар токзори нав бунёдт гардад.
Тибқи иттилои масъулини раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, то даҳаи якуми моҳи январ дар вилоят 237 ҳазор гулу бутта шинонида шуд. Аз инҳо беш аз 100 ҳазор ба минтақаи Бохтар ва наздики 137 ҳазор адад ба минтақаи Кӯлоб тааллуқ дорад. Ёдрас мешавем, ки соли 2018 дар ҳудуди вилояти Хатлон 935 гектар боғу 36 гектар токзори нав бунёд гардида буд. Соли 2019 дар шаҳру навоҳии вилоят шинонидани беш аз 5,5 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола ва 476 ҳазор ниҳоли дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ ба нақша гирифта шудааст. То кунун қариб 100 ҳазор бех ниҳоли дарахт шинонида шудааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо ҳудуди боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои вилоят зиёда аз 7 гули лола, 85 ҳазор садбарг, 145 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола шинонида шуда, дар баробари ин, дар масоҳати 2602 метри мураббаъ майсазори ҳамешасабз бунёд гардидааст.
Ҷомӣ Халифаев,
вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *