Буриан ба Душанбе меояд

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Петер Буриан ба Тоҷикистон 22-25 январ ташриф меоварад.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ сафир Петер Буриан ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон ташриф меоварад. Тибқи нақша сафир Петер Буриан бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби   Олӣ Эмомали Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ  Сироҷиддин Аслов ва дигар  сиёсатмадорони сатҳи баланд мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Инчунин, сафир Буриан бо муасиссаҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаласаҳо доир хоҳад кард. Сафари мазкур манфиати доимии Иттиҳоди Аврупоро дар густариши муносибатҳои хуб бо Тоҷикистон ва давоми муколамаи озоду сермаҳсул дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон инъикос менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *