Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чӣ омилҳо сабаби марги гирифторони COVID—19 дар Маркази тиббии №1 (беморхонаи Советский) гардиданд?

— Медонед, сабаби марги гирифторони коронавирус дар Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе дар чист? — пурсид як ҳамсӯҳбатам.

— Намедонам, гуфтам дар ҷавоб.

— Дуди ангишти сихкабобхонаҳои маҳаллаи якум Советский!

Аввал фикр кардам, ки ӯ ҳарза мегӯяд, баъд ба андеша рафтам.

Ин суҳбат як моҳ қабл дар назди ин Маркази тиббии шаҳрии № 1, машҳур бо номи Беморхонаи “Якум Советский” сурат гирифта буд. Як дӯстамон гирифтори коронавирус шуд ва дар ин табобатгоҳ бистарӣ гашт. Ман ба аёдат омадам. Тартибот дар бемористон сахт буд. Касеро даромадан намегузоштанд. Аёдатомадагон  дар паси дарвозаи даромадгоҳ қарор доштанд. Онҳо як — як хӯрокаро дар ҷои муқарраршудаи дохили дарвоза мегузоштанд ва то омада бурда ба бемор  расонидан  мунтазир мешуданд. Ман ҳам қатори дигарон интизор  шудам. Чанд нафар ба сулфа задан даромаданд, гулӯи маро ҳам чизе хафа кард. Тарсидам. Ба сурфазадагон нигоҳ карда, ҳозиронро воҳима гирифт. Он нафаре, ки сухани болоро ба ман гуфта буд, тарси мардумро аз рамузашон фаҳмида,  ба сухан омад: «—Натарсед, ин аз дуди ангишти сихкабобхонаҳост». Воқеан, дуду бӯи сихкабоб ҳама ҷоро фаро гирифта буд. Бо рӯймолча биниамро бастам. Занҳо ба даҳони биниашон рӯймол кашида  буданд. Ҳарчанд напурсидам, вале аз лаҳни ҳамсуҳбати он мард дарёфтам, ки аз аҳли тиб аст.

Шом хона баргаштам. Сухани он мард тахминҳои зиёдеро дар сарам давр занонд. «Ин гапаш як тахмин аст» — гуфта, мехостам худро ором созам. Аммо дил беқарорӣ мекард. Адабиётҳо, саҳифаҳои интернетро ғел гардонидам.  Маълумотҳо чун дуди ангиштсанги сихкабобхонаҳои маҳаллаи “Якум Советский”  сарамро гиҷ карда буданд. Хулоса як чиз буд: дуди ангиштсанг зарарнок, дурустараш хатарнок аст. Танҳо соате бас буд, ки баъди мутолиа ва суҳбати телефонӣ ба чанд кимиёшиносу духтур ба чунин хулоса оем. Аммо андешаи дигаре моро сахт мушавваш карда буд. Оё масъулини соҳа, раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино, ки мебояд падари мушфиқи сокинони ноҳия бошанд,  аз ин огоҳанд? Раиси ноҳияи Фирдавсиро намедонам, аммо раиси ноҳияи Сино, ки духтур, собиқ вазири тандурустӣ аст, инро бояд хуб донад. Дар таркиби дуди ангиштсанг 12 унсури вазнини барои инсон марговар мавҷуд аст. Ин хулосаи олимони бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аст. Онҳо на танҳо инсонро ба марг мерасонанд, балки хок, наботот, ҳайвонотро низ заҳролуд месозанд. Ва ин заҳр дубора ҳангоми хӯрдани об, истеъмоли ҳосили кишт, мева, сабзавот вориди организми инсон мегарданд. Ин унсурҳо кадомҳоянд? Аз ҷумла, гӯгирд (сера), фосфор, барилий, марги муш (мыщяк), селен, марганетс, ванадий, хром, синк, ҳамчунин маводи радиоактивии уран ва торий. Аҷиб он аст, ки дар ҳолати ба организми инсон ворид шудан ин унсурҳо чун COVID —19 барои худ муҳити мусоиди зист пайдо мекунанд. Пайвастшавии гӯгирд   (оксиди SO2, SO3) ба истиснои он ки муҳити экологии шаҳрро вайрон, заҳролуд мекунад, низ ҳангоми нафас кашидан ба фаъолияти рӯдаю меъда, шуш, рагҳои хунгузар ва дил таъсири манфӣ мерасонад.

Унсури хатарноки дуди ангиштсанг бериллий  ба организми инсон ворид шуда, бемории аллергия эҷод мекунад. Шояд «ҷанги» собиқ роҳбарияти шаҳр бо дарахти чинор беҳуда буд? Шояд мебоист бо дуди ангиштсанги кабобхонаҳо мубориза мебурд? Афсӯс, ки ағлаб масали «Ҳафт бор чен куну як бор бур» -ро фаромӯш мекунем.

Унсури ванадий бо дуди ангиштсанг ба бадан даромада, кори роҳҳои нафас, шуш, асаб, мубодилаи моддаҳоро вайрон мекунад. Ин маъдан аз ҳама зиёд ба ҷигар, гурдаҳо, узвҳои мардона, бофтаҳои устухон зарар мерасонад.

Уран ва торий унсури заҳролудкунандаи радиоактивӣ мебошанд. Онҳо одамонро гирифтори бемориҳои саратон ва занону мардонро безурёит мекунанд.

Аҷабо, ин манбаи хатар (сихкабобхонаҳо) дар атрофи Маркази тибби шаҳрии №1, ба номи Карим Ахмедов (собиқ вазири тандурустӣ) ҷамъ оварда шудаанд. Дар ин беморхона, алҳол беморони гирифтори COVID —19 табобат мешаванд. Вале аслан он дорои шуъбаи табобати беморони қанд (эндокринологӣ), ҳассосият (аллергологӣ), асаб (неврологӣ), бемориҳои дохилӣ (терапевтӣ), бемориҳои сироятии кӯдакона, бемориҳои шаҳрии навзодон (неонатология), зоишгоҳи бузург мебошад. Ба тасаввур, ақли солим намеғунҷад, ки онҳоро ба ҷои кислород бо дуди ангиштсанги сихкабобхонаҳо таъмин созанд. Охир бе ин ҳам дар Душанбе гардиши шамол нест, ки ҳаво тоза шавад. Раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳазор заҳмат шаҳрро ба гулистон табдил додааст, аммо сихкабобхонаҳои мисоли занбӯруғ баъди раъду барқ дар шаҳр рӯида, муҳити экологиро вайрон ва заҳролуд мекунанд. Оқибатҳои чунин таркишҳои экологӣ дар таҷрибаи бисёр шаҳрҳо ҳастанд, ки метавонанд намунаи ибрат шаванд. Як мисоли он ҳодисаи дар Лондон, соли 1952 ба вуқӯъ омада мебошад. Дар ин шаҳр  чор рӯз шамол намешавад ва дуди ғализи ангиштсанг дар болои шаҳр муаллақ мемонад. Аз рӯи  маълумоти расмӣ, он боиси марги беш аз 4 000 нафар мегардад.

Тафсилоти бештар ва гузориши видеоӣ нашр хоҳад шуд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Саида 02.07.2020 11:41

    Сабаби марги гирифторони коронавирус дар Беморхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе дар дуди ангишти сихкабобхонахо буданашро намедонам, вале ин яке аз масъалахоест, ки масъулини Душанбешахр бояд чорахои зарури андешанд. Зеро аз дуди ангишти сихкабобхонахои «Хаймаи Хайём» ва мантухонаи «Шукрона», ки дар шафати хамдигар дар кучаи Шестопаловаи нохияи Фирдавси чойгиранд, мо мардуми атрофро ба чон овардааст. Тирезаи хонахои худро шомгохон тамоман кушода наметавонем. Дуди гализи ангишт тамоми чоро фаро мегирад. Шомгохон аз буи ин дуд дар куча хам гаштугузор карда намешавад. Дуди гализ аз тирезахои пушида низ, ба хонахо медарояд. Бисёр мехостам рохи халли дурусти ин масъаларо дарёбанд ва мо сокинони Душанбешахр аз боду хавои тоза нафас гирем.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.