Чанд фармон ба сафирон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон бо имзои як фармон Акбаршо Искандаровро аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Муғулистон озод кардааст.

Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, ин фармон таҳти рақами 764 рӯзи 26 октябри соли равон содир шудааст. Аммо манбаъ, сабаби аз вазифа озод кардани Искандаровро шарҳ надодааст.

Акбаршо Искандаров дар гузашта раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Ӯ нахустин сафири Тоҷикистон дар Туркманистон буда, ҳамчунин дар симмати сафири Душанбе дар Остона кор кардааст.

Бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ҳамзамон сафир дар Шоҳигарии Марокаш таъин шудааст. Раисҷумҳур ҳамчунин Ҷамшед Ҳомидов, сафири Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсарияро ҳамзамон сафири Точикистон дар Шоҳигарии Испания таъин кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *