Чанд фармони Президент оид ба кадрҳо

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон  бо имзои як фармон Искандарзода Тоҳир Саъдоншоро аз вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон ва Раҳимиён Амрулло Абдуҷаборро аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара озод кард. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Искандарзода ва Раҳимиён бо хоҳиши худ аз мақомашон истеъфо додаанд.

Инчунин ба иттилои манбаъ Холзода Ҷомаҳмад Азиз аз вазифаи раиси суди ноҳияи Қубодиён, Қурбонзода Тоштемир аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон, Собирзода Турахон Муҳаммад аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Розиқзода Рухсат Мирзоалим аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Дар баробари ин раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки Зубайдов Зубайдуло Наҷотович, сафири тоҷик дар Кувайт ҳамзамон сафир дар Лубнон таъин карда шавад. Сафири Тоҷикистон дар Украина Холбобоев Файзулло Самадович ҳамзамон сафир дар Молдова таъин гардид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *