Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чанд мушкили Хуросон. Ноҳиядорон ҳал карда “натавонистанд”, раиси вилоят чӣ тасмим гирифтанист?

Норасоии оби нӯшокиву полезӣ, таъмирталабу садамавӣ будани бинои чанд муассисаи таълимӣ, идома наёфтани сохтмони бинои мактаб, зарурати бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва набудани хати барқ дар мавзеи сукунат аз масъалаҳое буданд, ки сокинони ноҳияи Хуросон ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар рӯзи қабули сайёри шаҳрвандон иброз доштанд.

– Солҳо боз аз бебарқӣ ба идораҳои дахлдор шикоят мекунем, аммо, мутаассифона, мушкили мо то ҳол ҳал нашудааст, – гуфт Маҳмадсаид Сафаров, сокини деҳаи Кӯчим. — То деҳаи мо тамоман хати барқ кашида нашудааст. Саргардонем!

Ин мушкили мардумро Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон низ тасдиқ карда, иттилоъ дод, ки деҳаи мазкур на ду-се даҳсола, балки аз ним аср бештар бебарқ аст.

Қурбон Ҳакимзода масъулони ноҳия ва вилоятро муваззаф кард, ки то аввали моҳи июни соли равон ба ин деҳа хати барқ бикашанд.  “Кашидани хати барқ, бунёди роҳ ва додани об ба эҳтиёҷмандон беҳтарин амали савоб дар моҳи шарифи Рамазон мебошад”, – гуфт ӯ.

Сокини дигар – Хоҷамқул Гулов аз норасоии оби полезӣ шиква кард. Ба қавли ӯ, бинобар мушкили болозикр, зиёда аз 500 гектар замини маҳаллаи Меҳнатободро фақат соле як кишт мекунанд ва он ҳам гандум. “Солҳои пеш аз ин заминҳо соле чанд маротиба ҳосили дилхоҳ мегирифтем”, – илова кард ӯ.

Зулфия Шарифова, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аз ҷониби бошандагони деҳаи Бандар чунин хоҳиш кард: “Дар наздикии соҳили дарёи Вахш 14 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Шусташавии соҳил сол то сол бештар шуда истодааст. Ҳоло об камтар аст. Аз моҳи оянда, ки об зиёд мешавад, ба хонаҳои сокинон хисорот мерасад. Соли 2004 корҳои соҳилбандӣ амалӣ шуда буд, вале вазъият тағйир наёфт. Яъне, об боз оҳиста-оҳиста соҳилро шустан гирифт. Хоҳиш мекунам, ки тадбире андешед, то хонаҳои мардум вайрон нашаванд”.

Раиси вилоят пас аз баррасии камбудии корҳои қаблан анҷомдодаи масъулон, ҳам ба ноҳиядорон ва ҳам ба мутасаддиёни идораҳои дахлдори вилоят супориш дод, ки ин мушкилро фавран ҳал кунанд, то халқ аз хавфи оби пуртуғёни Вахш эмин бошанд.

– Дар мактабе, ки замони шӯравӣ барои 250 хонанда сохта шуда буд, ҳоло зиёда аз 600 кас таҳсил дорад. Барои бунёди як бинои иловагӣ ба мо замин диҳед. Сохтмонашро ҳамроҳи падару модарон ба уҳда мегирем, – аз раиси вилоят хоҳиш кард Абдуназар Саидов, сокини деҳаи Навзамин.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, аз ин ташаббуси сокинон изҳори хушнудӣ карда, роҳбарони кумитаҳои замини вилоят ва ноҳияро вазифадор кард, ки бобати ҳалли ин масъала мусоидат кунанд.

Дар қисмати дувуми чорабинӣ бобати истифодаи пурсамар аз ҳар як ваҷаб замини хоҷагиҳо, наздиҳавлигӣ ва ташкилоту идораҳо иттилоъ дода шуд, ки ин масъала дар ноҳия ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад. Шарифзода Сафарбек, муовини раиси ситоди вилоятии истифодаи самараноку оқилонаи замин дар баромади хеш гуфт, мутаассифона, ҳанӯз баъзан роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва масчидҳои ноҳияи Хуросон ба самаранок истифода кардани замин таваҷҷуҳи даркорӣ зоҳир намекунанд. Гурўҳи корӣ ба ҳамаи сокинон тавсия дод, ки заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои ташкилоту идораҳо ва масҷидҳоро самараноку оқилона истифода баранд.    

 Қурбон Ҳакимзода, намояндагони мақомоти қудратиро вазифадор намуд, ки болои кишти ҳар ваҷаб замин назоратро пурзўр намоянд. Касе, ки заминро самаранок кишт намекунад, нисбаташ чораандешӣ кардан лозим, — афзуд вай.

Машраби Аловиддин,

“Тоҷикистон”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.