Чаро адибони бачагони Осиё ҷоиза намегиранд?

2 апрел Рӯзи китоби кӯдакона аст ва ин ба баҳона доир ба адибони кӯдакона матлаби зер манзур хонандагон мегардад.

Шурӯъ аз соли 1956, бо тасмими Шӯрои байналмиллалии китоби кӯдакон ва наврасони созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ҳар ду сол “Ҷоизаи байналмиллалии ба номи Ханс Кристиан Андерсон” ба нависандагон ва рассомони китобҳои кӯдакона тақдим мегардад. Чун 6 адиби бачагон бо ин ҷоиза сарфароз гардид, пешниҳоди ғайриоддие ба миён омад.

Соли 1967 бо таклифи нависандаи олмонӣ Елле Лепман ва қарори Шӯрои байналмиллалии китоби кӯдакону наврасон (IBBY) ба хотири гиромидошти меҳнатҳои арзандаи Ханс Кристиан Андерсон (02.04.1805-04.08.1975) дар соҳаи адабиёт, санаи 2-юми апрел ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон”  қабул гардид. Аз ҳамон рӯз инҷониб, ин ҷашн дар саросари олам қайд гардида, беҳтарин адибони бачагон бо ҷоиза қадрдонӣ мешаванд, ки исми онҳоро бо риояи тартиби хронологӣ дар зер меорем:

Лауреатҳои “Ҷоизаи байналмиллалии ба номи Ханс Кристиан Андерсон” барои адибони бачагон:

-соли 1056-Элинор Фарджон, Британияи Кабир                                                                             

-соли 1958-Астрид Линдгрен, Шветсия

-соли 1960-Эрих Кестнер, Олмон

-соли 1962-Мейндерт Де Йонг, ИМА

-соли 1964-Рене Гийо, Фаронса

-соли 1966-Туве Янсон, Финляндия

-соли 1968-Джейм Крюс, Олмон ва Хосе-Мария Санчес-Силва, Испания

-соли 1970-Джанни Родари, Италия

-соли 1972-Скотт Оделл, ИМА

-соли 1974-Мария Грипе, Шветсия

-соли 1976-Сесил Бёдкер, Дания

-соли 1978-Паула Фокс, ИМА

-соли 1979-Эмилиян Станев, Булғористон

-соли 1980-Богомул Ржиха, Чехославакия

-соли 1982-Лижия Божунга, Бразилия

-соли 1984-Кристин Нёстлингер, Австрия

-соли 1986-Патрисий Райтсон, Австралия

-соли 1988-Анни Шмид, Нидерландия

-соли 1990-Тирмуд Хауген, Норвегия

-соли 1992-Вирджиния Гамилтон, ИМА

-соли 1994-Митио Мадо, Ҷопон

-соли 1996-Ури Орлев, Исроил

-соли 1998-Кэтрин Патерсон, ИМА

-соли 2000-Анна Мария Машаду, Бразиля

-соли 2002-Эйден Чемберс, Британияи Кабир

-соли 2004-Мартин Уоделл, Ирландия

-соли 2006-Маргарет Махи, Зеландяи Нав

-соли 2008-Юрг Шубигер, Швейтсария

-соли 2010-Дэвид Алмонд, Британияи Кабир

-соли 2012-Мария Тереса Андруэто, Аргентина

-соли 2014-Нахако Уэасӣ, Ҷопон

-соли 2016-Цао Вэньсюань, Чин

-соли 2018-Эйко Кадоно, Ҷопон

Чунон ки аён аст, дар руйхати барандагони “Ҷоизаи байналмиллалии Ханс Кристиан Андерсон” ягон намоянда аз давлатҳои Осиё, хосса Осиёи Миёна мавҷуд нест. Ин маънои онро надорад, ки дар ин кишварҳо ягон адиби бачагонаи ба ин ҷоиза арзанда набошад. Балки дар ин ҷо боз ҳам рақобати шадиди эҷодӣ меистад, ки байни эҷодкорон, хосса шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон ҳамеша мавҷуд аст. Инчунин рақобатпазирии маҳсули эҷод ва то чӣ андоза “беҳтарин китоб барои кӯдакон” будани асарҳои барои ҷоиза пешниҳодшуда мебошад. Ёд меорем, ки замоне қиссаи “Алмса дар кишвари аҷоибот” (“Алиса в стране чудес”)-и математики англис Чарл Лютвиджем Доджсон бо тахаллуси Луис Керролл рӯнамо гардид, ҷаҳон гӯё ки ба такон омад. Ин қисса ба чандин забонҳои олам тарҷума шуда, аз рӯи он филм ва ҳатто филми тасвирӣ низ ба навор гирифта шуд. 

Яъне, ҷоизаи мазкур танҳо ба беҳтарин адибони бачагон супорида мешавад, ки онро ҳайати Шӯро муайян мекунад. Имсол низ маросими тақдими “Ҷоизаи байналмиллалии Ханс Кристиан Андерсон” баргузор мегардад ва барандаи он то ҳол маълум нест. Аммо тахмин меравад, ки ин навбат низ ҷоиза ба дасти адибони кишварҳои пешсаф, аз қабили ИМА ва Олмон меравад.

 Ёдрас мешавем, ки ҳамасола 2-юми апрел баргузор кардани Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” низ ба хотири таҷлили “Рӯзи умумиҷаҳонии китоби кӯдакон” аст. Аммо байни фестивал ва зодрӯзи Ханс Кристиан Андерсон қариб робитае вуҷуд надорад ва зимни баргузории фестивал ёде аз ин адиби шинохта карда намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки асоси фестивали мазкурро боз ҳам рӯзи мавлуди ин адиб ташкил медиҳад…

P.S: Матлаби мазкур дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Тараннумгари сухан” омода гардидааст.

Амони Муҳаммад, “Pressa.tj”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *