Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Чаро бемории зардпарвин хурӯҷ мекунад?

Дар ҷомеъа шахсоне пайдо мегарданд, ки  аз сабаби паст будани маърифати тиббиашон ба бемориҳо, аз ҷумла зардпарвин бепарвои зоҳир менамояд. Дар фарҷом ин оқибатҳои нохуш, ҳатто ба марг оварда мерасонад.  Бар замми ин бемории зикргардида сирояткунанда буда,  барангезандааш вируси гепотит А мебошад. Ин вирус ба воситаи об, ҳаво, ашшёҳои дар истифодаи умумӣ будаи бемор (коса, пиёла, сачоқ, шоткаи дадоншуӣ)  ба шахси солим мегузарад.  

Аломатҳои беморӣ: тезмондашваӣ, камхурокӣ, сурх шудани ранги пешоб ва дигарон мебашад. Бино ба гуфти масъулин ин беморӣ  бештар дар оғоз ва анҷоми фасли зимистон зиёд мешавад ва сокинон боя худро эҳтиёт намоянд.

Гирифторони бемори  мебояд  мудати тeлонӣ аз истеъмоли ғиззоҳое, ки шифокорон манъ мекунанд ва дар поёнтар маълумот медиҳем  парҳез намоянд. Бино ба гуфти мутахассисони соҳа мариз пас аз беморхона баромадан давоми 6 моҳ ҳар моҳ як маротиба ва баътар давоми се моҳ як маротиб  пасон давоми як сол як маротиба аз ташхиси шифокори минтақави ҳатман гузарад.

                                   ИТЕЪМОЛ ВА ПАРҲЕЗ АЗ ҒИЗЗО

Маъмурxон Ҳасанов, мудири шӯъбаи бемориҳои сирояткунанда тавсия медиҳад, ки дар ҷараёни парҳез намудан маризон метавонанд чунин номгӯи ғизоро истеъмол намоянд.

  1. Ба бемор ҳаммаи намуди меваҳо ва сабзавотҳо тавсия дода мешавад.
  2. Равғани растанӣ ва равғани  гов мувофиқи соли кӯдак.
  3. Нони нонвой ва хлеб.
  4. Қандчой ё шакарчой.
  5. Ҳар гуна хӯришҳои сабзавотӣ: памидор ва бодаринг.
  6. Намудҳои гуногуни мураббо ва шарбат аз меваҳо.
  7. Аз маҳслоти ширӣ: Айрон, курут, чакка мункин аст.

Баъзан вақт баъд аз бемории зардпарвин организм базе маҳсулотро (апелсин, мандарин, қулфинай тухм) қабул карда наметавонад. Барои ҳамин аз истеъмоли ин намуди маҳсулотҳо худорӣ бояд кард. Ба бемороне, ки бемории зардпарвинро аз сар гузарондаанд, дар мӯҳлати муайян истеъмоли чунин маҳсулотҳо қатиян маън аст:

Беэътиборӣ метавонад барои авҷ гирифтан ва зиёд шудани шумораи беморон мусоидат намояд. Барои ҳамин табибон тавсия медиҳанд, ки сокинон аз истеъмоли оби сойҳо, ҷӯйборҳо, инчунин  обҳои ноҷӯшонида худорӣ намоянд.

                                                                                                                   Икромов Набиҷон,

                                                                               духтури оилавии ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт.

 

 

 

 

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. ишратов 20.04.2019 21:53

    гепатит в пура табобат мешавад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.